Кишоварзӣ ҳамчун такягоҳи амнияти озуқаворӣ: боздиди раиси вилояти Хатлон аз хоҷагии деҳқонии “Пулод” – ИА Караван Инфо
Кишоварзӣ ҳамчун такягоҳи амнияти озуқаворӣ: боздиди раиси вилояти Хатлон аз хоҷагии деҳқонии “Пулод”

Душанбе, 11 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Пулод”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Нури Вахш, деҳаи Навобод боздид намуд. Ин сафар дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин сурат гирифт.

Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Пулод” дар масоҳати 3 гектар замин таъсис ёфта, аз 6 нафар саҳмгузор иборат мебошад. Аъзои хоҷагӣ бо истифодаи оқилона ва сарфакоронаи замин, роҳандозии кишти барвақтӣ ва кишти такрорӣ ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамоянд.

Айни ҳол дар хоҷагӣ дар 1,20 гектар картошкаи зери плёнка, дар 0,5 гектар лаблабуи сурхи зери плёнка ва дар 0,5 гектар карам зери плёнка кишт гардидааст. Илова бар ин, дар 0,8 гектар замин карам аз ҳисоби кишти такрорӣ парвариш меёбад, ки ин иқдом барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза аҳамияти муҳим дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 дар заминҳои хоҷагӣ 1 гектар картошка, 0,5 гектар гандум, 0,5 гектар гулкарам, 0,5 гектар лаблабуи сурх ва 0,5 гектар сабзавотҳои полезӣ кишт карда шудааст. Чунин гуногунсозии кишт ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таҳкими амнияти озуқавории минтақа равона гардидааст.

Раиси вилояти Хатлон зимни боздид аз фаъолияти хоҷагӣ аз таҷрибаи мавҷуда изҳори қаноатмандӣ намуда, истифодаи оқилонаи замин, ҷорӣ намудани кишти зери плёнка ва кишти такрориро намунаи хуби таҷрибаи пешқадам арзёбӣ кард. Ба масъулин ва кишоварзон ҷиҳати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, истифодаи тухмиҳои хушсифат, татбиқи технологияҳои муосир ва вусъат бахшидани корҳои саҳроӣ дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуданд.

Дар ҷараёни суҳбат таъкид гардид, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои калидии таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

АКС: РӮЗНОМАИ “ХАТЛОН”

error: