Душанбе, 14 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазири саноат ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Кабир даъват намуд, ки аз зеҳни сунъӣ (ЗС) натарсид, балки онро фаъолона барои беҳтар сохтани сифати зиндагӣ, рушди иқтисод ва рақамигардонии кишвар истифода бурд. Дар суханронии худ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе 11 феврал ӯ таъкид намуд, ки ЗС на оянда, балки аллакай воқеият аст ва аз он вобаста аст, ки мо чӣ гуна аз ин технология истифода мебарем.

«Вақте мо ЗС-ро дар вазорат татбиқ намудем, ман шахсан назорат кардам, ки ҳамаи кормандон аз он истифода баранд. Имрӯз мебинам, ки натиҷаҳои кори онҳо тағйир ёфтаанд: ҳуҷҷатҳо босифат ва саривақт омода мешаванд, хатогиҳо кам шудаанд. Технологияҳо, хоҳ на хоҳ, ба қисми ҷудонопазири ҳаёти мо табдил меёбанд», — таъкид намуд Шерали Кабир.
Вазир инчунин гуфт, ки ЗС метавонад дар муддати як дақиқа миқдори бузурги маълумотро коркард намояд. Ӯ мисоли хондани тамоми китоби «Авесто» ба забони аслӣ дар як дақиқа овард.
«Дар Тоҷикистон танҳо як олими суҳбати авестӣ мекунад, дар Санкт-Петербург ду ё се нафар ва дар Фаронса чанд нафар ҳастанд. Ва технологияҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ба ин донишҳо фавран дастрасӣ пайдо кунем», — изҳор дошт ӯ.
Шерали Кабир таъкид кард, ки зеҳни сунъӣ таҳдид намерасонад, агар дуруст истифода бурда шавад.
«Мегӯянд, ки ЗС метавонад аз назорати инсон хориҷ шавад ва хатар эҷод кунад. Вале ин тавр нест. Бе барқ, бе серверҳое, ки ЗС-ро таъмин мекунанд, он кор намекунад. Назорат ҳамеша дар дастҳои инсон хоҳад буд. Зеҳни сунъӣ мисли аспи саркаш аст: набояд аз он тарсид, балки бояд савор шуд. Мо роҳи дигар надорем», — афзуд вазир.
Вазир ҳамчунин қайд намуд, ки ЗС метавонад зиндагӣ ва кори ҳар шахсро беҳтар кунад, новобаста аз соҳа ва касб. Ин амал ба идораҳои давлатӣ, соҳибкорӣ, тиб, маориф ва тадқиқотҳои илмӣ дахл дорад. Ӯ таъкид намуд, ки татбиқи ЗС дар вазорату идораҳо ба автоматизатсияи равандҳои оддӣ, тезтар коркард намудани маълумот ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунад.
Шерали Кабир гуфт, ки Тоҷикистон барои омода намудани насли нави мутахассисон барои иқтисоди рақамӣ фаъолона кор мекунад. Барномаҳои таълимӣ аз синфҳои ибтидоӣ оғоз мешаванд ва ба хонандагон асосҳои омор, таҳлили маълумот ва зеҳни сунъиро меомӯзонанд. Вазир таъкид намуд, ки омода намудани кадрҳои соҳибмаҳорати рақамӣ барои ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аҳамияти муҳим дорад.
Яке аз қадамҳои муҳим, ба гуфтаи вазир, таъсиси нахустин маркази додаҳо дар кишвар бо номи «Дарё» мебошад, ки имкониятҳои ЗС-ро барои дастгирии стартапҳои дохилӣ, рушди бизнес ва оптимизатсияи равандҳо дар ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ истифода мебарад. Маркази додаҳо нигоҳдории маълумот, коркард ва таҳлили маҷмӯи калони иттилоот ва татбиқи воситаҳои рақамии муосирро таъмин мекунад.
Вазир ҳамчунин таъкид намуд, ки рушди зеҳни сунъӣ барои лоиҳаҳои инноватсионӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ имкониятҳои нав мекушояд.
«Агар мо мехоҳем бо ҷаҳони муосир қадам бизанем, наметавонем ЗС-ро нодида гирем. Он тарзи кор, омӯзиш, иртибот ва идораро тағйир медиҳад», — гуфт Шерали Кабир.
Дар охир вазир тамоми ҷомеаро даъват намуд, ки аз технологияҳои нав барои пешрафт истифода баранд, ба дониш ва малакаи рақамӣ сармоягузорӣ кунанд ва ЗС-ро дар соҳаҳои гуногун фаъолона татбиқ намоянд. «Касоне, ки имрӯз ЗС-ро меомӯзанд, фардо дар соҳаҳои худ пешсаф хоҳанд буд. Ин воситаест, ки метавонад ҳаёти ҳар касро ба таври куллӣ беҳтар созад», — таъкид намуд вазир.
АКС: Asia-Plus
