Душанбе, 14 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 феврали соли 2026 дар шаҳри Душанбе вохӯрии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ба номи Б. Собирови ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои Академия ва бо супориши бевоситаи президенти он, академик Қ.Х. Хушвахтзода роҳандозӣ шуда, зиёда аз 150 нафар хонандагони синфҳои 7–11-ро фаро гирифт.

Толори муассиса ба минбари гуфтугӯи муҳими илмӣ-маърифатӣ табдил ёфт, ки дар он масъалаҳои фаротар аз дарсҳои маъмулӣ — масъулияти шаҳрвандӣ, арзишҳои миллӣ ва устувории ҷавонон дар баробари таҳдидҳои идеологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрӣ ноиби президенти Академия, раиси шуъбаи биология, доктори илмҳои биологӣ, профессор Мирзораҳимзода Акобир Карим; мудири шуъбаи кор бо мактаббачагони назди Раёсати Академия, доктори илмҳои иқтисодӣ Манучеҳр Садриддинзода; сармутахассис Давлатова С. ва мутахассис Салимов Аҳмадҷон иштирок намуданд.
Директори муассиса Азизбек Баҳронович Боронов чорабиниро ифтитоҳ бахшида, меҳмонон ва рӯзномаи вохӯриро муаррифӣ намуд ва аҳамияти ҳамкории мактаб бо ҷомеаи илмиро таъкид кард.
Дар суханронии худ Мирзораҳимзода А.К. масъалаи пешгирии шомилшавии хонандагон ба гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва экстремистиро ҳамчун яке аз самтҳои калидии тарбияи ҷавонон арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, ин раванд тавассути баргузории мизҳои мудаввар, суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои тарбиявӣ амалӣ гардида, ҳадаф аз он ҳифзи ҷавонон аз таъсири манфии ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мебошад. Ҳамзамон, ноиби президенти Академия самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмиро шарҳ дода, нақши Академияро дар баланд бардоштани маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Манучеҳр Садриддинзода фаъолияти Академияи хурди илмҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, хонандагонро ба иштироки фаъолона дар маҳфилҳо, озмунҳо ва корҳои тадқиқотӣ даъват кард. Ба таъкиди ӯ, ҷалби барвақтии наврасон ба муҳити илмӣ заминаи ташаккули захираи зеҳнии кишварро фароҳам меорад.

Дар шароити таҳдидҳои иттилоотӣ ва идеологӣ, рушди илм ва тафаккури интиқодӣ воситаи муҳими эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз гароишҳои ифротӣ маҳсуб меёбад.
Дар анҷоми вохӯрӣ аз номи президенти Академия, академик Қ.Х. Хушвахтзода, ба директори мактаб Азизбек Боронов барои ҳамкории пайваста ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маориф ва илм “Сипоснома” тақдим гардид.
Чунин вохӯриҳо сиёсати дарозмуддати таҳкими робитаи “мактаб — илм — ҷомеа”-ро тақвият бахшида, нақши маърифатро дар таҳкими амнияти зеҳнии ҷомеа боз ҳам устувор месозанд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон / National Academy of Sciences
