Берлин: оғози марҳилаи нави ҳамкории стратегии «C5+1» миёни Осиёи Марказӣ ва Олмон – ИА Караван Инфо
Берлин: оғози марҳилаи нави ҳамкории стратегии «C5+1» миёни Осиёи Марказӣ ва Олмон

Душанбе, 14 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Олмон 11 феврал нахустин вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби «C5+1» баргузор гардид. Ин формат ба ҳамкорӣ миёни минтақа ва яке аз кишварҳои калидии Иттиҳоди Аврупо низоми устувор ва дурнамои дарозмуддат мебахшад.

Дар музокирот ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд.

Тавре ки  Вазорати кроҳои хориҷӣ хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, ба густариши ҳамкории иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитарӣ, муҳоҷиратӣ ва ҳамкории амниятӣ дар доираи формати «C5+1» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Формати «C5+1» панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва як шарики хориҷиро муттаҳид намуда, барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳо дар самтҳои стратегӣ замина фароҳам месозад. Дар мавриди Олмон сухан на танҳо аз густариши робитаҳои дуҷониба, балки аз ташаккули модели устувори ҳамкорӣ бо тамоми минтақа меравад.

Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ, энергетика, саноат, маориф, илм ва фарҳанг пайваста таҳким мебахшанд. Ба гуфтаи ӯ, рушди робитаҳои байниинсонӣ асоси эътимоди дарозмуддат мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти пешгирии паёмадҳои тағйирёбии иқлим, пешбурди рӯзномаи обу иқлим, рушди муколамаи фарҳангӣ ва муқовимат бо таҳдидҳои муосир таъкид гардид.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот дар минтақа саҳми назаррас дорад ва дар пешбурди дипломатияи глобалии об нақши фаъол мебозад. Дар ин замина, Вазири корҳои хориҷӣ зарурати тақвияти ҳамкории байналмилалиро таъкид намуда, шариконро барои иштирок дар Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки 25–28 майи соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Интизор меравад, ки конфронс ба минбари муҳими таҳияи қарорҳои амалӣ дар соҳаи захираҳои об ва устувории иқлимӣ табдил ёбад.

Дар анҷоми мулоқот вазирон Изҳороти муштарак қабул намуданд, ки ин иқдом рамзи ниҳодинасозии формати «C5+1» бо Олмон ва омодагии ҷонибҳо барои идомаи ҳамоҳангсозии талошҳо дар самтҳои афзалиятнок мебошад.

Вохӯрии Берлин оғози марҳилаи нави ҳамкории стратегиро миёни Осиёи Марказӣ ва Олмон ифода намуда, мавқеи минтақаро ҳамчун субъекти фаъоли равандҳои байналмилалӣ таҳким мебахшад.

Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: