Роҳбари ВКХ-и Қазоқистон дар форуми Иқтисодии “Осиёи Марказӣ –Олмон” иштирок намуд – ИА Караван Инфо
Роҳбари ВКХ-и Қазоқистон дар форуми Иқтисодии “Осиёи Марказӣ –Олмон” иштирок намуд

Берлин, 12 феврали соли 2026 АИ «Караван инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар форуми Иқтисодии Осиёи Марказӣ Олмон дар формати C5+1 дар Берлин иштирок намуд. Чорабинии мазкурро кумитаи шарқии иқтисоди олмон ташкил намуд.

Форум майдони муколамаи Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ гардид. Иштирокчиён аҳамияти стратегии формат ва нақши афзояндаи минтақаи Марказиро дар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ таъкид намуданд.

Ба диверсификатсияи ҳамкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои лоиҳаҳои муштарак диққати махсус дода шуд. Дар доираи сессияҳои мавзӯъӣ тиҷорати олмонӣ дар чор самти асосӣ ҳисоботҳо пешниҳод намуд:

  • Ашёҳои хом – дурнамои истихроҷ, коркард ва занҷирҳои устувори таъминот;
  • Энергетика – ҳамкорӣ дар энергетикаи анъанавӣ ва барқароршаванда;
  • Кишоварзӣ – лоиҳаҳои муштарак дар МАС, инноватсия ва амнияти озуқаворӣ;
  • Логистика – рушди долонҳои нақлиётӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ.

Ермек Кошербаев изҳор дошт, ки майдонча иловаи ҷиддии формати C5+1 дар сатҳи сарони давлатҳо хоҳад буд.

Иштирокчиён қайд намуданд, ки таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ба манфиатҳои тарафайн ҷавобгӯ буда, ба рушди устувори минтақа мусоидат менамояд.

Дар натиҷаи форум ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва фаъолсозии ҳамкории амалии байни сохторҳои давлатӣ ва доираҳои тиҷоратӣ тасдиқ намуданд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: