Душанбе, 16 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». 12 феврал, дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдулло Рӯдакии шаҳри Хуҷанд вохӯрии гурӯҳи Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва ҷавонони фаъоли вилояти Суғд баргузор гардид. Мавзӯи асосӣ фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирӣ аз савдои одамон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ ва роҳ надодан ба рафтори номатлуб буд.

Вохӯрӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода баргузор шуд ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода низ иштирок дошт.
Раҷаб Аҳмадзода дар сухани ифтитоҳӣ қайд намуд, ки ҷавонон нерӯи пешбар ва асоси татбиқи сиёсати давлатӣ мебошанд ва ҳамеша таҳти ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ӯ таъкид намуд, ки дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, шароити хуби таҳсил ва сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва касбомӯзӣ ба рушди маънавӣ, ахлоқӣ ва эҷодии ҷавонон мусоидат мекунанд.
Дар заминаи муқовимат ба савдои одамон Раҷаб Аҳмадзода ҷавононро даъват кард, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, шахсияти худро инкишоф диҳанд ва ба доми гурӯҳҳои ҷиноятпеша наафтанд.
Абдураҳмон Аламшозода зимни маърӯзаи таҳлилӣ таъкид дошт, ки масъалаҳои Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав, иштироки шаҳрвандон дар низоъҳои мусаллаҳ дар хориҷ, нашъамандӣ, фанатизм ва хурофот, баргардонидани шаҳрвандоне, ки дар тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ мебошанд, ва савдои одамон муҳим мебошанд. Масъалаҳо бо мисолҳои воқеӣ шарҳ дода шуданд ва аҳли нишаст барои муборизаи муштарак сафарбар гардонида шуданд.
Иштирокчиён бо Нақшаи миллии муқовимат бо савдои одамон ва шаклу намудҳои нави ин ҷиноятҳо, ки аз таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ маълум шудаанд, шинос шуданд. Таъкид шуд, ки ҳолатҳои фирефта шудани шаҳрвандони мо ва гирифтор шудани онҳо ба зулму азият дар хориҷ кам нестанд.
Раиси Комиссия таъкид кард, ки савдои одамон ҷинояти вазнин буда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро поймол мекунад. Гурӯҳҳои ҷиноятпеша бо ваъдаҳои молиявӣ ва пардохтҳои баланд шаҳрвандонро фирефта мекунанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ин падида ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Ҷавонон даъват шуданд, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиёткор бошанд, худро аз ҳаргуна хатар ҳифз кунанд ва барои муқовимат бо савдои одамон якҷоя амал намоянд.

Дар охир Раҷаб Аҳмадзода дастур дод, ки фаъолияти Комиссияи ҳудудӣ самаранок ташкил шавад, то сатҳи ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои халалрасон коҳиш ёбанд ва нуфузу эътибори давлат баланд бардошта шавад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
