«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад - ИА Караван Инфо
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад

Душанбе, 06 март, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо мақсади таъмини амният ва баргардонидани саривақтии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан, тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар ҳолатҳои зарурӣ парвозҳои махсуси чартериро барои интиқоли шаҳрвандони кишвар аз давлатҳои Ховари Миёна анҷом медиҳад.

Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои вазорат, чунин тадбирҳо бо дарназардошти вазъияти минтақа ва зарурати расонидани кумаки фаврӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар баъзе кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд, роҳандозӣ гардидаанд. Дар сурати пайдо шудани зарурат ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» омода аст парвозҳои чартериро барои баргардонидани шаҳрвандон ба Тоҷикистон ташкил намояд.

Дар Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид намуданд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мехоҳанд аз ин имконият истифода бурда ба Ватан баргарданд, бояд пешакӣ ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои дахлдор муроҷиат намоянд. Дар он ҷо онҳо метавонанд барои иштирок дар парвозҳои эҳтимолӣ сабти ном шуда, инчунин дар бораи тартиби парвоз, расмиёти ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар масъалаҳои ташкилӣ маълумоти муфассал дастрас намоянд.

Зикр гардид, ки намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар тамоси доимӣ қарор дошта, дар сурати зарурат омодаанд ба онҳо кумаку мусоидати зарурӣ расонанд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ шаҳрвандон инчунин метавонанд ба Маркази маълумотдиҳии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» муроҷиат намоянд:

+992 44 640 40 49
+992 44 640 40 50

WhatsApp:
+992 93 777 74 59
+992 90 111 50 22
+992 90 103 20 00

Ин тадбирҳо бо мақсади дастгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои бозгашти бехатари онҳо ба Ватан амалӣ мегарданд.

АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»

error: