Душанбе, 01 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Фурудгоҳи байналмилалии пойтахт маросими истиқболи ғолибони олимпиадаи байналмилалии Infomatrix-Asia 2026 баргузор гардид. Ин чорабинӣ 27 март доир шуда, ҳамчун нишонаи эътирофи дастовардҳои ҷавонони кишвар дар соҳаи технология арзёбӣ мешавад, хабар медиҳад Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ғолибонро омӯзгорон, хонандагон, волидон ва намояндагони соҳаи маориф истиқбол намуда, онҳоро бо муваффақиятҳои назаррас табрик карданд.
Олимпиадаи Infomatrix-Asia 2026 аз 25 то 28 март дар шаҳри Остона баргузор шуда, иштирокчиёнро аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гирд овард.
Хонандагони тоҷик дар бахши «Графикаи компютерӣ ва зеҳни сунъӣ»: ду ҷойи дуюм, як ҷойи сеюм ба даст оварданд.
Ин дастовардҳо сатҳи баланди омодагии хонандагон ва рушди соҳаи IT дар Тоҷикистонро нишон медиҳанд. Самти интихобшуда — зеҳни сунъӣ — яке аз муҳимтарин бахшҳои иқтисоди муосир ба ҳисоб меравад.
Иштирок ва муваффақияти хонандагон бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид, ки ба рушди истеъдодҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.
Пирӯзиҳои мазкур мавқеи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшида, барои рушди иқтисоди рақамӣ замина фароҳам меоранд.
АКС: хадамоти матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
