Душанбе, 02 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар рӯзи аввали маъракаи даъват, вилояти Хатлон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ хабар дод. Дар ин бора раиси вилоят Давлаталӣ Саид дар чорабиние, ки ба гусели даъватшавандагон ба хизмат бахшида шуда буд, иттилоъ дод.

Ӯ ба волидон ва омӯзгорони даъватшавандагон «барои тарбияи ҷавонони устувор ва шуҷоъ» изҳори сипос намуд.
Қаблан дар бораи иҷрои нақшаи даъват ВМКБ низ гузориш дода буд. Ноҳияи Тоҷикобод ҳамчунин дар рӯзи аввали маърака аз иҷрои нақша хабар дод. Як рӯз пеш аз оғози маърака — 31 март — шаҳри Бохтар низ аз иҷрои нақша иттилоъ дода буд.

Маъракаи даъват дар Тоҷикистон аз 1 апрел то 31 май идома меёбад. Имсол ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони аз 18 то 27-сола (таввалудшудагони солҳои 1999–2008) даъват мешаванд.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
