Душанбе, 02 апрел, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Чин дар роҳи густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ қадами нав гузоштанд — Ёддошти ҳамкории сеҷониба бо иштироки сохторҳои давлатӣ ва хусусӣ ба имзо расид.

Созишнома байни Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Беҳдоштӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Беморхонаи мардумии Вилояти Мухтори Синзян-Уйғур ва ширкати «Синзян-Санбао»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расонида шуд.
Ҳуҷҷат 31 март дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохӯрии муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин имзо гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории судманд дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла мубодилаи таҷриба, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди инфрасохтори тиббиро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба иштироки ҷониби Чин дар сохтмон ва навсозии муассисаҳои тиббӣ дар Тоҷикистон зоҳир гардид.
Тавре зикр гардид, намояндагони Чин омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори тандурустӣ изҳор дошта, ин омил метавонад ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии он барои аҳолӣ мусоидат намояд.
Имзои ин ёддошт ҳамчун қадами амалӣ дар самти таҳкими шарикии стратегӣ ва навсозии низоми миллии тандурустии кишвар арзёбӣ мегардад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
