Қазоқистон Туркистонро барои музокироти сулҳ дар Шарқи Наздик пешниҳод намуд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон Туркистонро барои музокироти сулҳ дар Шарқи Наздик пешниҳод намуд

Остона, 21 апрели соли 2026-АИ «Караван инфо». Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев бо Сафири Исроил Йоав Бистритский мулоқот намуд. Мавзӯи асосии гуфтушунидҳо шиддат гирифтани вазъ дар Шарқи Наздик буд.

Вазир аз рушди низоъ изҳори нигаронии ҷиддӣ намуд ва расман омодагии Қазоқистонро барои пешниҳоди шаҳри Туркистон ҳамчун майдони бетараф барои баргузории музокироти сулҳ эълон намуд. Ҷонибҳо ҳамчунин рафти таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаро, ки дар аввали сол пешбинӣ шуда буд, тасдиқ намуданд.

Вазъият дар Ховари Миёна дар охири моҳи феврали соли 2026 пас аз табодули зарбаҳо байни Эрон, Исроил ва нерӯҳои има дар минтақа ба таври назаррас бад шуд. Қазоқистон, ки сиёсати бетарафиро риоя менамуд, аллакай дар мулоқот бо сафирони кишварҳои араб 7-уми апрел кӯмаки миёнаравии худро пешниҳод намуда буд. Пешниҳоди Туркистон ҳамчун майдони музокирот дар майдонҳои форуми дипломатии Анталия дар миенаи моҳи апрел низ фаъолона баррасӣ шуд, ки дар он Қазоқистон аҳамияти ҳалли сиёсӣ ва дипломатии низоъро таъкид намуд.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: