Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон омӯзишро барои намояндагони созмонҳои молиявӣ, дар татбиқи идоракунии корпоративии вобаста ба иқлим дар низоми молиявии кишвар мутобиқи ҳадафҳои Созишномаи Париж, идома медиҳад.

Ин аллакай 4-умин омузиш оид ба шиносоӣ бо хатарҳои иқлим ва банақшагирии давраи гузариш, муайян ва идоракунии хатарҳои иқлим, таҳияи стратегияи иқлим ва идоракунии масъалаҳои иқлим аст, ки барои бахши молиявии кишвар ташкил шудаанд.
«Имрӯз мо дар бораи идоракунии иқлим сӯҳбат кардем, иштирокчиёни семинар бо равишҳои гуногуни идоракунии иқлим дар муассисаҳои молиявӣ шинос шуданд, намунаҳои таҷрибаҳои беҳтаринро дида баромадем ва қадамҳои заруриро барои татбиқи ин моделҳо дар муассисаҳои молиявӣ баррасӣ кардем»,- иброз намуданд масъулин.
Дастгирии БАТР ва Бонки миллии Тоҷикистон ба муассисаҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки дар бораи тағирёбии иқлим донишҳои пешрафта ба даст оранд. Бо расонидани кӯмаки техникӣ ва хидматҳои машваратӣ, БАТР ба кишварҳо ва корхонаҳо дар татбиқи таҷрибаи пешқадам оид ба тағирёбии иқлим, ҳамгироии ҳадафҳои рушди устувор ва ҳадафҳои Созишномаи Париж ба фаъолият ва шарикии онҳо кӯмак мерасонад.