Душанбе, 15 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ният доранд муқовимати дастаҷамъона ба таҳдидҳои муосир дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро тақвият бахшанд. Ин масъалаҳо дар ҷаласаи роҳбарони воҳидҳои криминалии вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

Ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш муовини якуми вазир Абдураҳмон Аламшозода роҳбарӣ кард. Дар кори ҷаласа муовинони вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус ва Русия, инчунин директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва дигар намудҳои хавфноки ҷиноятҳо дар қаламрави давлатҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд.
Дар маркази таваҷҷуҳ масъалаҳои табодули таҷрибаи пешқадам ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қарор доштанд. Ҷонибҳо инчунин масъалаи татбиқи чораҳои мувофиқашуда нисбат ба провайдерҳои интернетӣ ва дигар захираҳои онлайнеро баррасӣ карданд, ки барои паҳн намудани маводи мухаддир истифода мешаванд.

Илова бар ин, масъалаҳои таҳияи воситаҳои барномавию техникӣ, табодули таҷрибаи амалӣ миёни кормандони воҳидҳои мубориза бо маводи мухаддир ва лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии кишварҳои ИДМ муҳокима гардиданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласа қарорҳое қабул шуданд, ки ба таҳкими муқовимати дастаҷамъона ба таҳдидҳо ва хатарҳои нави марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин такмили чораҳои пешгирии ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар равона шудаанд.
Дар шароите ки схемаҳои ҷиноятии фаромиллӣ торафт мураккабтар мегарданд, чунин майдонҳои ҳамоҳангсозӣ аҳамияти махсус касб мекунанд. Барои кишварҳои ИДМ ҳамгироии талошҳо дар ин самт на танҳо масъалаи ҳамкории идоравӣ, балки унсури муҳими амнияти минтақавӣ ба ҳисоб меравад.
Акс: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
