Душанбе, 16 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Масъалаҳои ҳифзи соҳибкорӣ ва пешгирии фишори ғайриқонунӣ ба фаъолияти тиҷоратӣ боз дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон қарор гирифтанд.

Дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ 15 май ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, ки ба масъалаҳои назорати иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи мораторий ба санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» бахшида шуд.
Ҷаласа таҳти раёсати раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ — Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода баргузор гардид. Дар кори он инчунин муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳикматулло Холиқзода ва роҳбарони мақомоти назоратӣ ва тафтишотӣ иштирок намуданд.
Тавре иштирокчиёни ҷаласа таъкид карданд, дастгирии соҳибкорӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати иқтисодии давлат боқӣ мемонад. Мақомот бахши хусусӣ ва фаъолияти сармоягузориро ҳамчун омили муҳими рушди устувори иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими суботи молиявии кишвар арзёбӣ мекунанд.
Ҳамзамон дар ҷараёни муҳокима зикр гардид, ки сарфи назар аз амал кардани мораторий ва мавҷудияти кафолатҳои қонунӣ, дар фаъолияти баъзе сохторҳои назоратӣ ҳолатҳои дахолати беасос ба фаъолияти соҳибкорон, гузаронидани санҷишҳои ғайриқонунӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ҳанӯз ба қайд гирифта мешаванд.
Тибқи маълумоти мақомоти прокуратура, танҳо дар солҳои 2024–2025 дар самти назорати иҷрои қонунгузорӣ оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва мораторий 1842 ҳолати қонуншиканӣ ошкор шудааст. Барои бартараф намудани онҳо 424 амрнома ва 385 пешниҳод ирсол гардида, нисбат ба 518 санади ғайриқонунӣ эътироз оварда шудааст. Ҳамчунин 506 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, 64 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст. Зарари расонидашуда ба маблағи 906 ҳазор сомонӣ барқарор карда шудааст.

Дар Прокуратураи генералӣ таъкид гардид, ки татбиқи мораторий аллакай ба беҳтар гардидани муҳити соҳибкорӣ мусоидат намудааст. Солҳои охир шумораи санҷишҳо коҳиш ёфта, сатҳи фишори маъмурӣ ба соҳибкорон паст гардида, фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои рушди бахши хусусӣ беҳтар шудаанд.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, муносибати байни соҳибкорон ва мақомоти назоратӣ яке аз масъалаҳои ҳассоси иқтисоди Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар шароити сиёсати саноатикунонӣ, ҷалби сармоя ва рушди соҳибкории дохилӣ давлат талош дорад муҳити устувор ва пешгӯишавандаи соҳибкориро таъмин намояд.
АКС: Хадамоти матбуоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон
