Қазоқистон 30 вагони кумаки башардӯстонаро ба Эрон фиристод – ИА Караван Инфо
Қазоқистон 30 вагони кумаки башардӯстонаро ба Эрон фиристод

Теҳрон, 18 майи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар доираи иҷрои супориши Президент Қасим – Жомарт Токаев Қазоқистон борҳои бузурги башардӯстонаро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон расонид. Маросими расмии интиқоли кӯмак дар истгоҳи Роҳи оҳани “Серахс” баргузор шуд, ки дар он намояндагони агентии KazAID якҷоя бо дипломатҳо ва наҷотдиҳандагон як партияи молҳоро ба ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон супориданд.

Ба ҳайати эшелони гуманитарӣ молҳо ва доруҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, аз ҷумла консервҳои гӯштӣ, орди навъи аввал, шакар, инчунин рӯйхати васеи доруҳо ва маҳсулоти тиббӣ дохил намуда шуданд. Сафири Қазоқистон дар Эрон Онталап Оналбаев дар маросим таъкид намуд, ки Эрон шарики калидии ҷумҳурӣ дар Шарқи Наздик боқӣ мемонад ва чунин дастгирӣ дар замонҳои душвор тасдиқи робитаҳои мустаҳками дӯстона байни халқҳо мебошад.

Намояндагони ҷониби эрон барои кӯмаки саривақтӣ изҳори миннатдории амиқ намуда, қайд намуданд, ки ин иқдоми иродаи нек ба таҳкими эътимоди тарафайн ва ҳамкории дуҷониба мусоидат мекунад. Тамоми бор, ки дар 30 вагон тақсим шудааст, барои интиқоли минбаъда ба муассисаҳои ниезманд ба Теҳрон фиристода мешавад.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: