Ташкили парваришгоҳҳои оҳуи бухоро дар Тоҷикистон ба нигоҳ доштани ин намуди ҳайвонот мусоидат менамояд – ИА Караван Инфо
Ташкили парваришгоҳҳои оҳуи бухоро дар Тоҷикистон ба нигоҳ доштани ин намуди ҳайвонот мусоидат менамояд

Барои барқарор кардани ҷангалҳо, нигоҳ доштани ҳолати табиии зисти ҳайвоноти ваҳшӣ ва пешгирии таназзули экосистемаҳои табиӣ 3264 дарахту буттаҳои мевадиҳанда шинонида шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар питомникҳои резервати биосфераи “Ромит” 15 ҳазор ниҳоли дарахтони ба иқлими маҳаллӣ мутобиқшуда шинонида шуданд.

Бо мақсади зиёд кардани саршумори ҳайвоноти нодир дар ҳудуди резервати биосфераи «Ромит» ва боғи табиии «Сари Хосор» парваришгоҳҳои оҳуи бухоро сохта шудаанд, ки дар онҳо омӯзиши хусусиятҳои биологӣ ва тарзи ҳаети оҳуи бухоро бо мушоҳидаи шабонарӯзӣ таъмин карда мешавад.

Инчунин бо мақсади таъмини фаъолияти устувор ва самараноки Боғи миллии табиии «Ягноб» дар сарҳади он нуқтаи назоратӣ сохта ба истифода дода шуд ва барои таъмини моддӣ-техникии боғи миллӣ мошини гузаришаш баланд ҷудо карда шуд.

Аксҳо аз манбаъҳои кушода

error: