Бонки Осиёии рушд (БОР) гранти 21 миллион долларро хамчун маблаггузории иловаги барои афзоиши истехсоли энергияи баркароршаванда дар Точикистон тавассути навсозии минбаъдаи неругохи барки обии Асоси (НБО) тасдик намуд.
“Неруи барк аз Неругохи Барки Обии асоси ба системахои энергетикии милли ва минтакави ворид шуда, ба Точикистон ва кишвархои хамсоя фоида меорад”, – иброз намуд Директори Генералии БОР дар Осиёи Миёна ва Гарби Евгений Жуков. Дастгирии БОР амнияти энергетикии минтакавиро бехтар намуда, ба рушди фарогир, устувори иктисоди ва рушди мутавозини минтакави мусоидат мекунад.
Маблаггузории иловаги имкон медихад, ки агрегати № 4 ба Неругохи Барки Обии асоси иваз намуда шавад. Иваз намудани ин агрегат кисми лоихаи аввалини БОР набуд, ки соли 2013 тасдик карда шуд. Он соли 2019 бо сабаби вайрон шудани тачхизоти механики аз кор баромад.
Дар доираи лоихаи ибтидоии грантии БОР дар хачми 136 миллион доллар панч агрегат аз шаш агрегат ба Неругохи Барки Обии асоси иваз намуда шуданд. Дар доираи лоиха инчунин дастгоххои таксимоти истгох навсози намуда шуданд, зеристгохи Восеъ навсози намуда шуд ва зеристгохи Рудаки ва хатти интиколи барк сохта шуд, ки зеристгоххои Рудаки ва Восеро дар чануби Точикистон мепайвандад.
Пас аз навсозии пурраи НБО, иктидори насбшудаи он аз 240 мегаватт (соли 2012) то соли 2026 ба 274 мегаватт мерасад.
Интизор меравад, ки Неругохи Барки Оби навсоз интиколи энергияи баркароршавандаро ба системахои энергетикии милли ва минтакави афзоиш дихад. Он инчунин дастрасии тамоми солро ба неруи барки тоза барои фуруш ва содироти дохили ба Афгонистон афзоиш медихад. Инчунин лоиха иктидори тавлидкунанда ва самаранокии истифодаи неругохро зиёд мекунад.
Аксхо: БОР