Душанбе, 22 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ва Қирғизистон қадами муҳиме дар роҳи рақамикунонии соҳаи нақлиёт дар Осиёи Марказӣ гузошта, аввалин ҳамлу нақлҳои байналмилалии автомобилӣ бо истифода аз низоми электронии eTIR-ро бомуваффақият анҷом доданд. Сухан танҳо дар бораи як навоварии техникӣ нест, балки дар бораи гузариш ба модели нави логистикаи фаромарзӣ меравад, ки дар он суръат, шаффофият ва амният ба унсурҳои асосии ҳамкориҳои тиҷоративу нақлиётӣ табдил меёбанд.

Амалиёти аввал дар доираи eTIR интиқоли воситаҳои нақлиётро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон дар бар гирифт, амалиёти дуюм бошад, расонидани қисмҳои эҳтиётии автомобилро ба самти муқобил таъмин намуд. Кафолатҳои электронӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии Тоҷикистон (ABBAT)дар ҳамкорӣ бо ширкати қирғизии AIRTO KR омода карда шуданд.
Барои татбиқи амалиётҳои пилотӣ дар Хуҷанд ва Ош машғулиятҳои омӯзишӣ барои кормандони мақомоти гумрук ва намояндагони бахши нақлиёт баргузор гардиданд. Ин иқдом имконият дод, ки равандҳои техникӣ ҳамоҳанг шуда, зерсохтор барои фаъолияти рақамӣ омода гардад.
Ҳар ду ҳамлу нақл тавассути низоми eTIR, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ таҳия шудааст, анҷом дода шуданд. Иттиҳоди байналмилалии нақлиёти автомобилӣ (IRU) ва Комиссияи иқтисодии Аврупоии СММ аллакай омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатии кишварҳои минтақа ҷиҳати густариши истифодаи eTIR изҳор карданд.
Коршиносон бар онанд, ки ҷорӣ шудани eTIR метавонад сохтори логистикии Осиёи Марказиро ба таври ҷиддӣ тағйир диҳад. Дар минтақае, ки қисми зиёди савдо аз ҳамлу нақли автомобилӣ ва суръати убури сарҳадҳо вобаста аст, рақамикунонии транзити гумрукӣ ба омили муҳими рақобатпазирии иқтисодӣ табдил меёбад.
Бартарии асосии eTIR дар рад кардани пурраи гардиши коғазии ҳуҷҷатҳо ифода меёбад. Низоми электронӣ мубодилаи бехатари маълумотро миёни мақомоти гумруки кишварҳои гуногун дар вақти воқеӣ таъмин намуда, эҳтимоли хатогиҳо ва хавфи қаллобиро коҳиш медиҳад. Илова бар ин, вақти убури сарҳад ва хароҷоти маъмурии интиқолдиҳандагон кам мешавад.
Барои Тоҷикистон ва Қирғизистон оғози кори eTIR ҳамзамон маънои таҳкими пайвастагии минтақавиро дорад. Дар пасманзари афзоиши гардиши мол ва рушди масирҳои транзитӣ кишварҳо тадриҷан аз механизмҳои анъанавии ҳамлу нақл ба логистикаи муосири рақамӣ мегузаранд, ки ба стандартҳои байналмилалии нақлиётӣ мутобиқ аст.
АКС: Ассотсиатсияи байналмилалии ҳамлу нақли автомобилии Тоҷикистон (ABBAT)
