Душанбе, 22 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳои сайёҳии шаҳри Санкт-Петербург таҳти унвони «Санкт-Петербург: муколамаи давраҳо ва мазмунҳо» ифтитоҳ гардид. Намоиш ба ифтихори Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе ва 35-умин солгарди робитаҳои бародаршаҳрии Душанбе ва Санкт-Петербург доир шуда, боз як намунаи равшани дипломатияи фарҳангӣ миёни ду шаҳр маҳсуб мешавад.

Чорабинӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ узви ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург, раиси Кумитаи робитаҳои хориҷии шаҳр Евгений Григорьев, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии Санкт-Петербург Нана Гвичия, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ва намояндаи Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Вера Хуторская суханронӣ карданд.
Онҳо аҳамияти мубодилаи фарҳангиро таъкид намуда, гуфтанд, ки чунин барномаҳо барои таҳкими муносибатҳои дӯстона ва наздикии мардумони ду шаҳр заминаи муҳим фароҳам меоранд.

Намоиш аз 24 акси бадеӣ иборат буда, ба бинанда симои гуногунҷабҳаи шаҳри соҳили дарёи Нева — Санкт-Петербургро муаррифӣ мекунад. Дар аксҳо манзараҳои нодири пойтахти шимолӣ, қалъаҳои таърихии замони Пётр, қасрҳои бошукӯҳ ва биноҳои муосир инъикос ёфтаанд. Ҳамин тавр, намоиш на танҳо як чорабинии зебоии аксбардорӣ, балки як сафари образнок ба таърих ва руҳи шаҳр мебошад.

Дар соли 35-уми робитаҳои бародаршаҳрӣ ин гуна иқдомҳо аҳамияти махсус пайдо мекунанд: онҳо нишон медиҳанд, ки ҳамкории байнишаҳрӣ танҳо ба сатҳи расмӣ маҳдуд намешавад, балки бо фарҳанг, таърих ва эҳсоси муштараки эҳтиром ба ҳамдигар низ тақвият меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон/National museum of Tajikistan
