Бонки Марказии Узбекистон дар бораи афзоиши каллоби хабар дод, ки дар он хамлагарон ба шахрвандон занг зада, худро кормандони бонк муаррифи мекунанд ва кушиш мекунанд, ки барои дастраси ба маълумоти шахси ба эътимод ворид шаванд. Дар ин бора котиби матбуоти Бонки маркази Акмал Назаров хабар дод.
Каллобон инчунин, дар мессенчери Telegram бо истифода аз номи Ozbekiston Respublikasi Markaziy banki (cb_uzbek) чатхои калбакии дастгири эчод мекунанд, ки гуё бонки Марказиро намояндаги мекунанд. Дар ин сухбатхо, хамлагарон шахрвандонро барои дастраси ба кортхои бонкии худ ва азхудкунии пули накд фиреб медиханд.
Бонки маркази расман изхор дошт, ки ба чунин хисобхо ва паемхои каллоби хеч иртиботе надорад. Дар хотир доштан мухим аст, ки Бонки маркази ба шахсони вокеи карз намедихад ва бо пешниходи хидматхои молияви сарукор надорад.
Танзимкунанда ба шахрвандон тавсия медихад, ки паёмхо ва зангхои шубханокро нодида гиранд, маълумоти корти бонкии худро ба шахсони сеюм надиханд ва истинодхои номаълумро пайгири накунанд. Барои истифодаи бехатари шабакахои ичтимои, сахифахои тасдикшудаи бонки Маркази бояд тафтиш намуда шаванд.
Бонки маркази хамаро даъват мекунад, ки хушер ва огох бошанд, то курбонии каллобон нашаванд.
Аксхо: CBU