Комиссияи марказии интихоботи Узбекистон дар чаласаи 21 август карор кабул намуд, ки хамаи панч хизби сиёси ба иштирок дар интихоботи вакилони палатаи конунгузории Мачлиси Оли ва инчунин интихоботи кенгашхои махалли, ки 27 октябр баргузор мешаванд, рох дода шаванд.
Мувофики карори СИХК, хизби Халкии демократии Узбекистон (ХНДТ), хизби Либерал-демократии Узбекистон (УзЛиДеП), хизби Сотсиал-демократии Адолат, хизби Экологии Узбекистон ва хизби демократии Миллий тикланиш ичозати иштирок дар интихоботро гирифтанд.
СИХК хуччатхои пешниходнамудаи ин хизбхоро барраси намуд ва ба онхо ичозат дод, ки тибки кодекси Интихоботи дар интихобот иштирок намоянд. Дар бюллетени овоздихи номхо ва рамзхои хизбхо бо тартиби рох додани онхо ба интихобот ворид намуда мешаванд: УзЛиДеП, Миллий тикланиш, хизби Экологи, ХНДТ ва Адолат.
Кадами навбати барои хизбхо пешбарии номзадхо ба вакили мебошад. Ин раванд 65 руз пеш аз интихобот огоз ёфта, 45 руз пеш аз интихобот ба анчом мерасад.
Интихобот бо низоми мажоритари-мутаносиб (омехта) гузаронида мешавад. Ин маънои онро дорад, ки 75 вакили палатаи Конунгузори аз нохияхои Якмандати бо низоми мажоритари интихоб намуда мешаванд ва 75 вакили бокимонда бо низоми мутаносиб дар асоси овозхои барои руйхати хизби додашуда интихоб намуда мешаванд. Хизбхо метавонанд то 75 номзадро аз руи хавзахои якмандати ва аз 75 то 100 номзадро аз руи руйхати хизби пешбари кунанд. Дар ин холат на камтар аз 40% номзадхои хизб бояд занон бошанд.
Номзадхо ба вакили танхо аз чониби хизбхои сиёси пешбари намуда мешаванд. Имконияти пешбарии номзадхо аз чониби гуруххои ташаббускори интихобкунандагон мохи июли соли 2009 аз конунгузори хорич намуда шуд.
Аксхо: СИХК