Душанбе, 27 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Чаҳорумин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» на танҳо муроҷиати сиёсӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, балки пешниҳоди дурнамои нави меъмории ҷаҳонии об баъди соли 2030 гардид.

Сарвари давлат дар суханронии худ чанд тезиси асосиро баён намуданд, ки мавқеи Тоҷикистонро дар масъалаҳои дипломатияи об, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ инъикос мекунанд.
Тезиси аввал — буҳрони об ба яке аз таҳдидҳои асосии асри XXI табдил меёбад
Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки миллиардҳо нафар то ҳол ба оби нӯшокии бехатар ва хизматрасонии санитарӣ дастрасӣ надоранд, дар ҳоле ки тақрибан чор миллиард нафар ҳар сол ба норасоии шадиди об рӯ ба рӯ мешаванд. Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2050 талаботи ҷаҳонӣ ба об ҳадди ақал 25 фоиз афзоиш меёбад, ки ин фишор ба низомҳои озуқаворӣ ва энергетикиро бештар мекунад.
Президенти кишвар изҳор доштанд, ки тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушксолӣ ва шаҳрнишинӣ ташаккули буҳрони ҷаҳонии обро суръат мебахшанд.
Тезиси дуюм — ҷаҳон ба марҳилаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об ниёз дорад
Ба гуфтаи Президенти Тоҷикистон, механизмҳои мавҷуда дигар барои посух ба таҳдидҳои нав кофӣ нестанд. Дар ин замина Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки «Барномаи чаҳорчӯбавии Душанбе оид ба масъалаҳои об» таъсис дода шавад, ки метавонад ба платформаи нави байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳои давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявӣ табдил ёбад.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки рӯзномаи ояндаи об бояд бар асоси фарогирӣ, натиҷаҳои амалӣ ва масъулияти муштарак бунёд шавад.

Тезиси сеюм — Осиёи Марказӣ ба ҳамоҳангсозии бештари минтақавӣ ниёз дорад
Дар суханронӣ ба масъалаҳои ҳамкории фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таҳкими эътимод миёни кишварҳои Осиёи Марказиро таъкид намуда, такмили механизмҳои Фонди байналмилалии наҷоти Аралро пешниҳод карданд.
Яке аз пешниҳодҳои муҳими Тоҷикистон таъсиси Комиссияи байнидавлатии энергетикии Осиёи Марказӣ буд, ки метавонад масъалаҳои об, энергетика ва рушди устувори минтақаро дар як низоми ҳамкорӣ муттаҳид намояд.
Тезиси чорум — Тоҷикистон ба навсозии густурдаи бахши об такя мекунад
Президент изҳор доштанд, ки ҷумҳурӣ ният дорад то соли 2030 идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои обро пурра ҷорӣ намояд ва то соли 2040 на камтар аз 90 фоизи аҳолиро бо таъминоти мутамаркази об таъмин кунад.
Ҳамчунин кишвар тасмим дорад истифодаи технологияҳои сарфакунандаи обро беш аз 40 маротиба афзоиш дода, сатҳи рақамикунонии идоракунии захираҳои обро ба 80 фоиз расонад.
Тезиси панҷум — Душанбе мехоҳад ба маркази ҷаҳонии дипломатияи об табдил ёбад
Дар анҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об хабар доданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин иқдом мавқеи Душанберо ҳамчун яке аз минбарҳои муҳими байналмилалӣ дар масъалаҳои сиёсати об ва рушди устувор тақвият мебахшад.
Дар шароити афзоиши норасоии об дар ҷаҳон Тоҷикистон талош дорад мавқеи худро ҳамчун кишвари ташаккулдиҳандаи рӯзномаи байналмилалӣ дар соҳаи дипломатияи об ва устувории иқлим мустаҳкам намояд.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
