Душанбе, 27 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия тадриҷан аз доираи муколамаи башардӯстона берун рафта, ба ҷузъи муҳими шарикии стратегии ду кишвар табдил меёбанд.

Боздиди вазири фарҳанги Федератсияи Русия Ольга Любимова аз майдони сохтмони Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе далели навбатии ин раванд гардид.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ҳамтои руси худро бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаи яке аз бузургтарин иншооти фарҳангии кишвар шинос намуд.
Зимни боздид ҷонибҳо аҳамияти театри ояндаро барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди фазои театрии русизабон ва густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ миёни Душанбе ва Москва баррасӣ карданд.
Сохтмони бинои нави театри ба номи Владимир Маяковский дар Тоҷикистон на танҳо ҳамчун лоиҳаи инфрасохторӣ, балки ҳамчун рамзи ҳифзи мероси муштараки фарҳангӣ ва идомаи анъанаҳои деринаи табодули фарҳангӣ миёни ду давлат арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи коршиносон, дар шароити густариши муколамаи фарҳангӣ дар минтақа, ин театр метавонад ба яке аз марказҳои муҳими ҳунари русизабон дар Осиёи Марказӣ табдил ёфта, барои намоишҳои муштарак, фестивалҳо ва барномаҳои таълимӣ замина фароҳам оварад.
Солҳои охир Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои худро дар бахши гуманитарӣ — аз барномаҳои таълимӣ то ташаббусҳои бузурги фарҳангӣ — ба таври назаррас тақвият додаанд. Дар ин замина, сохтмони театри ба номи Маяковский ҳамчун унсури муҳими дипломатияи дарозмуддати фарҳангӣ аҳамияти бештар касб мекунад.
Акс: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
