Душанбе, 27 май, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон дар Кохи Борбад маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Барномаи фарҳангии ин шом ҳамчун намоиши равшани робитаҳои эҷодии муосири ду кишвар тарҳрезӣ шудааст. Ба ҳозирин консерти бошукӯҳи оркестри «Фонограф-Симфо-Ҷаз» таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Россия Сергей Жилин ва ҳунарнамоии гурӯҳи маъруфи балети «Тодес» пешниҳод мегардад.

Дар барнома беҳтарин намунаҳои санъати мусиқӣ ва хореографияи муосири Россия манзури дӯстдорони санъат дар Душанбе мешавад.


Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Россия дар Тоҷикистон бори дигар устувории муколамаи башардӯстонаи ду кишварро таъкид мекунад ва нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои фарҳангӣ то ҳол яке аз самтҳои пурҷилотарин ва серталабтарини муносибатҳои дуҷониба боқӣ мемонанд.
Акс: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
