Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки рӯзҳои 11–14 май баргузор гардид, дар шароити тағйироти босуръати вазъи байналмилалӣ сурат гирифт.

Шиддат гирифтани буҳрон дар атрофи Эрон, афзоиши танишҳо дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором, рақобати рӯзафзуни ИМА ва Чин, инчунин сафари ҳамзамони президенти Иёлоти Муттаҳида ба Пекин ин боздидро на танҳо ба рӯйдоди дипломатии дуҷониба, балки ба ҷузъи муҳимми манзараи нави геополитикӣ табдил дод.
Дар чунин шароит Осиёи Марказӣ барои Чин тадриҷан ба фазои устувории стратегӣ мубаддал мегардад — минтақае, ки тавассути он Пекин талош дорад осебпазирии логистикӣ ва сиёсати хориҷии худро коҳиш диҳад.
Осиёи Марказӣ ҳамчун посухи Чин ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ
Буҳронҳои ахири байналмилалӣ нишон доданд, ки иқтисоди Чин то чӣ андоза аз нооромии беруна вобаста аст. Басташавии ҳаракати киштиҳо дар тангаи Ҳурмуз, ноустуворӣ дар марзи Афғонистону Покистон ва хатарҳои марбут ба тангаи Малакка ва Тайван вобастагии Пекинро аз роҳҳои баҳрӣ ва артерияҳои ҷаҳонии тиҷоратӣ ошкор намуданд.
Дар ин замина Осиёи Марказӣ барои Чин аҳамияти махсус пайдо мекунад. Минтақа на танҳо ба пули хушкӣ миёни Чин ва бозорҳои хориҷӣ, балки ба унсури муҳими амнияти энергетикии ин кишвар табдил меёбад.
Маҳз аз ҳамин ҷост, ки ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» барои Чин имрӯз на танҳо маънои иқтисодӣ, балки аҳамияти стратегӣ низ касб кардааст. Пекин тавассути Осиёи Марказӣ мекӯшад роҳҳои алтернативии нақлиётиро рушд диҳад, ки камтар аз масирҳои ноустувори баҳрӣ вобаста бошанд.
Омили энергетикӣ низ нақши калидӣ дорад. Лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин, ки аз ҳудуди Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мегузарад, аллакай ҳар сол даҳҳо миллиард метри мукааб газро ба Чин интиқол медиҳад. Амалишавии шохаи чоруми он метавонад иқтидори умумии шабакаро то ба 85 миллиард метри мукааб дар як сол расонад. Ҳамзамон, Чин тавассути лоиҳаи Kazakhstan-China Pipeline ҳаҷми бузурги нафти қазоқистониро ворид мекунад.
Амният ба қисми стратегии иқтисодии Чин табдил меёбад
Барои Пекин Осиёи Марказӣ танҳо масъалаи иқтисод нест, балки омили амнияти дохилӣ низ ба шумор меравад. Дар ин ҷо самти Тоҷикистону Афғонистон ва амнияти минтақаи мухтори Шинҷон-Уйғури Чин аҳамияти махсус доранд.
Ҳамлаҳо ба иншооти иқтисодии Чин дар Тоҷикистон, ки соли гузашта ба қайд гирифта шуданд, таваҷҷуҳи Пекинро ба масъалаҳои амнияти минтақа боз ҳам бештар намуданд. Барои Чин суботи Осиёи Марказӣ мустақиман бо суботи минтақаҳои ғарбии худи кишвар алоқаманд аст.
Илова бар ин, иқтисоди Шинҷон аз ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ вобастагии ҷиддӣ дорад. Беш аз нисфи гардиши савдои хориҷии Шинҷон ба ҳамин минтақа рост меояд. Аз ин рӯ, ҳузури иқтисодии Чин дар Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар бо масъалаҳои амниятӣ пайванд мехӯрад.
Чаро Чин мавқеи худро дар минтақа таҳким бахшид?
Имрӯз Чин бузургтарин шарики тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва яке аз сармоягузорони асосӣ мебошад. Ҳузури он бахшҳои нақлиёт, энергетика, саноат, технологияҳои рақамӣ ва инфрасохторро фаро гирифтааст.
Коршиносон чанд бартарии асосии стратегии Пекинро дар минтақа таъкид мекунанд.
Аввалан, наздикии ҷуғрофӣ. Бар хилофи кишварҳои ғарбӣ, Чин дар рушди муносибатҳо бо Осиёи Марказӣ бо мушкилоти ҷиддии логистикӣ рӯбарӯ нест.
Дуюм, Пекин сармоягузориро бидуни шартҳои сиёсӣ пешниҳод мекунад. Модели ҳамкории Чин аз давлатҳои минтақа ислоҳоти сиёсӣ ё тағйири сохтори дохилиро талаб намекунад ва ҳамин омил онро барои элитаҳои минтақа ҷолиб мегардонад.
Сеюм, Чин ҳузури иқтисодии худро бо татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ — аз роҳу пулҳо то марказҳои логистикӣ ва корхонаҳои саноатӣ — ҳамроҳӣ мекунад.
Ва ниҳоят, Чин дорои имкониятҳои азими молиявӣ ва истеҳсолӣ барои густариши нуфузи худ мебошад.
Имкониятҳо ва хатарҳо барои Осиёи Марказӣ
Бо вуҷуди ин, густариши нуфузи Чин барои кишварҳои минтақа на танҳо имконият, балки як қатор хатарҳоро низ ба миён меорад.
Яке аз таҳдидҳои асосӣ — вобастагии аз ҳад зиёди иқтисодӣ мебошад. Афзоиши саҳми сармоягузорӣ ва қарзҳои чинӣ метавонад фазои манёври сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро маҳдуд созад.
Хатари дигар ба бахши саноат марбут аст. Вуруди маҳсулоти рақобатпазири чинӣ метавонад рушди истеҳсолоти маҳаллиро суст намояд. Дар чунин шароит барои давлатҳои минтақа масъалаи маҳаллигардонии истеҳсолот, интиқоли технология ва таъсиси корхонаҳои муштарак аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Ҳамзамон, Осиёи Марказӣ тадриҷан ба фазои рақобати абарқудратҳо табдил меёбад. Ин вазъ фишори сиёсиро зиёд мекунад, аммо дар баробари ин барои пешбурди сиёсати чандсамта имкониятҳои нав низ фароҳам меорад.
Душанбе ва Пекин: муносибатҳои сатҳи нав
Ин равандҳо махсусан дар муносибатҳои Тоҷикистону Чин равшан эҳсос мешаванд.
Имрӯз Чин бузургтарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузори асосии Тоҷикистон мебошад. Дар соли 2025 гардиши савдои дуҷониба ба 2,85 миллиард доллар расид, ки тақрибан чоряки тамоми савдои хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии сармоягузориҳои чинӣ ба иқтисоди Тоҷикистон қариб ба 6 миллиард доллар баробар шудааст, ки аз он 3,5 миллиард доллар сармоягузории мустақим мебошад.
Дар баробари ин, Пекин — бар хилофи баъзе бозигарони дигар — ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро новобаста аз андоза ва вазни сиёсӣ ҳамчун шарикони муҳим арзёбӣ мекунад. Барои Душанбе маҳз ҳамин равиш ба яке аз омилҳои асосии таҳкими ҳамкорӣ табдил ёфт.
Дар ҷараёни сафари моҳи май ҷонибҳо 31 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Шартнома дар бораи дӯстии абадӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкориро ба имзо расониданд. Ҳамзамон, созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллиард доллар ҳосил шуданд.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сафар имзои нақшаи дарозмуддати сармоягузорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ ба маблағи 800 миллион доллар буд.

Тавозун — муҳимтарин даъвати оянда
Муносибатҳои Тоҷикистону Чин имрӯз воқеан марҳилаи рушди фаъолро аз сар мегузаронанд. Мантиқи иқтисодӣ, мавқеи ҷуғрофӣ ва вазъи байналмилалӣ объективона Душанбе ва Пекинро ба ҳамкории боз ҳам наздиктар водор месозанд.
Аммо ҳамзамон барои Тоҷикистон масъалаи нигоҳ доштани тавозун аҳамияти бештар пайдо мекунад. Тақвияти ҳамкорӣ бо Чин аз Душанбе сиёсати фаъоли чандсамтаро тақозо мекунад, то кишвар тавонад мустақилияти сиёсати хориҷӣ ва имкони амалкарди мустақилро ҳифз намояд.
АКС: fmprc.gov.cn
Манбаъ: asia+
