Ҳайати қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СШАД дар Маскав иштирок намуд - ИА Караван Инфо
Ҳайати қазоқистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи СШАД дар Маскав иштирок намуд

Москва, 4 июни соли 2026 АИ «Караван Инфо». Дар Пойтахти Русия ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони Шартномаи амнияти дастаҷамъӣ (СШАД) баргузор гардид. Ҳайати қазоқистонро дар мулоқот вазири мудофиа генерал – лейтенанти авиатсия Даурен Косанов роҳбарӣ намуд.

Дар ҷараёни чорабинӣ роҳбарони идораҳои мудофиа чолишҳо ва таҳдидҳои мубрами амнияти низомиро, ки дар назди давлатҳои аъзои созмон қарор доранд, баррасӣ намуданд. Иштирокчиён ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории амалии байни кишварҳо диққати махсус доданд.

Дар натиҷаи ҷаласа ҷонибҳо Нақшаи чорабиниҳои омодасозии якҷояи мақомоти идоракунӣ ва ташаккулҳои қувва ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъии СШАД-ро барои соли 2027 тасдиқ намуданд. Илова бар ин, вазирон як қатор қарорҳои муҳимро имзо намуданд, ки ба рушди ҷузъи авиатсионӣ ва такмили системаи мудофиаи зиддиҳавоӣ (СМЗ) – и давлатҳои узви СШАД равона намуда шудаанд.

Сурат: ВМ ҶҚ