Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист баргузор гардид

Душанбе, 06 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». 5 июни соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар оғози ҳамоиш муовини раиси Кумита Лоиқ Раҳмонзода паёми табрикии раиси Кумитаро қироат намуда, кормандони соҳаро ба муносибати иди касбиашон самимона табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронии табрикотӣ таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамчун кишвари ташаббускор ва пешсаф дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии муҳити зист шинохта шудааст. Бо ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеи арзандаро соҳиб гардидааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази баргузории чорабиниҳои муҳими миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, бахусус дар самти масъалаҳои обу иқлим, дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муҳим дорад. Ин иқдомҳо ба беҳдошти вазъи муҳити зист ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони сайёра мусоидат менамоянд.

Дар ҷараёни чорабинӣ як қатор кормандони соҳа бо суханони табрикотӣ баромад намуда, барои дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолияти самараноки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Сипас, тибқи фармоиши раиси Кумита, як гурӯҳ фаъолони соҳаи ҳифзи муҳити зист барои саҳми арзанда дар пешбурди фаъолияти соҳавӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумита қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, ғолибони озмуни ҷумҳуриявии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар мавзуи «Вазъи пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим», ки миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардида буд, бо ифтихорномаҳо ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд зикр намуд, ки Рӯзи байналмилалии муҳити зист соли 1972 бо қарори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пас аз Конфронси Стокголм оид ба муҳити инсон таъсис ёфта, имрӯз ба минбари муҳими ҷаҳонӣ барои баррасии масъалаҳои экологӣ табдил ёфтааст. Ҳадафи асосии ин сана баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти экологӣ ва таҳкими масъулияти инсон дар назди табиат мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бо баргузории чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва тарғиботӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон