Рӯзи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Рӯзи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид

Душанбе, 08 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар пойтахти Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои кишвар оғоз гардида, нахустин чорабиниҳои фарҳангӣ ба муаррифии таърих, анъанаҳо ва дастовардҳои шаҳри Ҳисор бахшида шуданд.

Тавре Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад, аз 6 июн то 23 август ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт барномаҳои фарҳангии минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ баргузор мегарданд. Ин иқдом дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Кӯли ҷавонон»-и Душанбе баргузор шуда, ба як намоиши густурдаи иқтидори фарҳангӣ, сайёҳӣ ва иҷтимоию иқтисодии яке аз қадимтарин шаҳрҳои кишвар табдил ёфт.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаббор Носирзода, муовини раиси шаҳри Душанбе Нурҷаҳон Исмоилзода, раиси ноҳияи Синои пойтахт Умед Гуреззода, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳангу санъат, фаъолони ҷомеа ва сокинону меҳмонони пойтахт иштирок намуданд.

Пеш аз оғози қисми расмӣ намоишгоҳи васеи дастовардҳои шаҳри Ҳисор ташкил карда шуд. Меҳмонон бо маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои санъати ороишӣ-амалӣ, таомҳои миллӣ ва дастовардҳои шаҳр дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш ва фарҳанг шинос гардиданд.

Таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро гӯшаҳои намоишӣ бахшида ба таърихи чандинҳазорсолаи Ҳисор, имкониятҳои сайёҳӣ ва рушди муосири шаҳр ҷалб намуданд. Ҳамчунин, дар бораи лоиҳаҳои инфрасохтории амалишаванда ва дурнамои рушди минбаъдаи шаҳр маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода зимни суханронӣ таъкид кард, ки Ҳисор ҳамчун яке аз марказҳои муҳими таърихию фарҳангии кишвар имрӯз ба шарофати сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон босуръат рушд мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар шаҳр барои ҳифз ва тарғиби мероси миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими арзишҳои маънавӣ тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.

Намояндагони пойтахт низ зикр намуданд, ки баргузории чунин рӯзҳои фарҳангӣ ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар, инчунин рушди ҳамкориҳои байнишаҳрӣ мусоидат мекунад.

Анҷомбахши чорабинӣ барномаи рангини консертӣ буд, ки аз ҷониби ҳунармандон ва дастаҳои эҷодии шаҳри Ҳисор пешниҳод гардид. Сурудҳои ватандӯстона, оҳангҳои миллӣ ва саҳнаҳои ҷолиби ҳунарӣ фарҳанги ғании ин минтақаи таърихиро муаррифӣ намуда, бо кафкӯбиҳои гарми тамошобинон истиқбол шуданд.

Чорабинӣ дар фазои дӯстӣ, ваҳдат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ баргузор гардида, бори дигар нишон дод, ки гуногунрангии фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон яке аз пояҳои муҳими сарвати маънавӣ ва ваҳдати миллии кишвар ба шумор меравад.

АКС: Муаллифи муҳтавои рақамӣ Рустам Азимов