Душанбе, 09 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Фарҳанг ва суннатҳои тоҷикон дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиёни XV Фестивали ҷумҳуриявии фарҳангҳои миллӣ қарор гирифтанд, ки дар шаҳри Гроднои Ҷумҳурии Беларус баргузор шуд. Ин чорабинии бузурги фарҳангӣ анъанавӣ намояндагони даҳҳо миллату халқиятҳои муқими Беларусро гирди ҳам оварда, ба майдони муҳими таҳкими муколамаи фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмӣ табдил ёфт.

Дар чорабиниҳои ҷамъбастии фестивал Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд. Тавре аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, гӯшаи миллии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро ба худ ҷалб намуда, онҳоро бо мероси ғании таърихию фарҳангии мардуми тоҷик ошно сохт.
Дар намоишгоҳ намунаҳои рангини либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти ҳунармандон ва унсурҳои санъати ороишию амалӣ ба маъраз гузошта шуданд, ки асолат, таърихи чандинҳазорсолаи фарҳанги тоҷикон ва пайванди наслҳоро таҷассум мекарданд.

Фазои хосаи фестивалро барномаҳои ҳунарии намояндагони ҷомеаи тоҷикон рангоранг намуданд. Сурудҳо ва рақсу оҳангҳои миллӣ, ки саршор аз гармӣ, меҳмоннавозӣ ва руҳияи фарҳанги Шарқ буданд, ба яке аз зеботарин бахшҳои чорабинӣ табдил ёфта, истиқболи гарми тамошобинонро соҳиб шуданд.
Меҳмонон имконият пайдо карданд, ки бо таърих, арзишҳои миллӣ, расму ойинҳо ва фарҳанги мардуми тоҷик аз наздик шинос шаванд. Чунин чорабиниҳо на танҳо ба ҳифзи гуногунрангии фарҳангӣ мусоидат мекунанд, балки барои таҳкими робитаҳои башардӯстона миёни халқҳо ва густариши дипломатияи мардумӣ низ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар доираи фестивал инчунин мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Гродно Юрий Караев бо роҳбарон ва намояндагони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷии муқими Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории фарҳангӣ, густариши робитаҳои дӯстона ва таҳкими ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Фестивали фарҳангҳои миллӣ дар Гродно тайи солҳои фаъолият ба яке аз бузургтарин минбарҳои муоширати байни миллатҳо дар Беларус табдил ёфтааст. Иштироки ҷомеаи тоҷикон ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳо ба таҳкими нуфузи байналмилалии кишвар, муаррифии мероси фарҳангии миллӣ ва рушди ҳамкориҳои башардӯстона миёни Тоҷикистон ва Беларус мусоидат мекунад.
Акс: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
