Душанбе, 09 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон татбиқи равишҳои муосир дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак идома дорад. Ин равишҳо на танҳо ба стандартҳои тиббӣ, балки ба эҳтироми шаъну шараф, ҳуқуқ ва ниёзҳои занон асос меёбанд. Қадами навбатӣ дар ин самт баргузории тренингҳои дурӯза оид ба нигоҳубини эҳтиромона нисбат ба занон дар давраи ҳомиладорӣ, таваллуд ва баъди таваллуд дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Бохтар гардид.

Дар омӯзишҳо 160 нафар корманди муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, аз ҷумла акушер-гинекологҳо, табибони оилавӣ, ҳамшираҳои тиббӣ ва момодояҳо иштирок намуданд. Чорабиниҳо дар доираи лоиҳаи минтақавии «Беҳтар намудани саломатии модар ва кӯдак дар Осиёи Марказӣ», ки аз ҷониби Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) аз номи Ҳукумати Олмон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, баргузор шуданд.
Ҳадафи асосии омӯзиш баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тавассути ҷорӣ намудани равишҳои ба инсон нигаронидашуда буд. Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки сатҳи эътимоди байни бемор ва корманди тиб ба сари вақт муроҷиат намудани шаҳрвандон барои гирифтани кӯмак, риояи тавсияҳои тиббӣ ва беҳтар шудани нишондиҳандаҳои саломатии модару кӯдак таъсири мустақим мерасонад.
Дар рафти тренингҳо мураббиёни миллӣ ва сертификатдор усулҳои муосири ташкили хизматрасониҳои тиббиро муаррифӣ намуданд, ки барои фароҳам овардани муҳити бехатар, дастгиркунанда ва махфӣ барои занон равона шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба рушди малакаҳои муоширати эҳтиромона, риояи ҳуқуқи беморон, фароҳам овардани шароити мусоид барои муоина ва ширмаконӣ, инчунин пешниҳоди машварату маълумоти босифат дода шуд.

Ба гуфтаи мутахассисон, нигоҳубини эҳтиромона ҷузъи муҳими сифати хизматрасонии тиббӣ мебошад. Чунин муносибат ба занон имкон медиҳад, ки ҳангоми муроҷиат ба муассисаҳои тиббӣ худро осуда ва боваринок эҳсос намоянд. Инчунин, он ба таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми тандурустӣ ва беҳтар гардидани ҳамкорӣ байни беморон ва кормандони тиб мусоидат мекунад.
Ин омӯзишҳо идомаи корҳое мебошанд, ки пас аз арзёбии сифати хизматрасониҳо дар тирамоҳи соли 2024 дар ду минтақаи кишвар оғоз гардида буданд. Дар ҷараёни таҳқиқот ҳам кормандони тиб ва ҳам беморон зарурати такмили баъзе самтҳои хизматрасониро таъкид карданд. Аз ҷумла, масъалаҳои таъмини махфият ва роҳати беморон дар муассисаҳои тиббӣ, ҷудо намудани вақти кофӣ барои машваратҳо ва беҳтар намудани сатҳи муоширати байни мутахассисон ва беморон муҳим арзёбӣ шуданд.
Самти дигари муҳими ташаббус баланд бардоштани саводнокии тиббии аҳолӣ мебошад. Ташкилкунандагон бар онанд, ки ҳар як зан бояд барои қабули қарорҳои огоҳона вобаста ба саломатии худ, ҳомиладорӣ, таваллуд ва нигоҳубини кӯдак маълумоти кофӣ дошта бошад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди фарҳанги нигоҳубини эҳтиромонаро яке аз самтҳои афзалиятноки беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак мешуморад. Дар оянда дониш ва таҷрибаи бадастомада тавассути омӯзишҳои каскадӣ дар дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн карда мешаванд.
Дар анҷоми тренингҳо ба ҳамаи иштирокчиён сертификат супорида шуд. Мураббиёни миллӣ омӯзишҳои минбаъдаро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома медиҳанд ва ба татбиқи таҷрибаҳои пешқадам дар фаъолияти ҳаррӯзаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат хоҳанд кард.
Имрӯз ташаккули фарҳанги эҳтиром нисбат ба беморон ба яке аз унсурҳои муҳими низоми муосири тандурустӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҳамгироии кӯмаки босифати тиббӣ ва муносибати инсонгароёна метавонад сатҳи хизматрасониҳоро боло бурда, барои беҳтар шудани саломатии аҳолӣ дар дарозмуддат замина фароҳам оварад.
Акс: GIZ / Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
