Душанбе, 10 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» татбиқи як лоиҳаи нави саноатӣ бо иштироки сармоягузорони чинӣ дар назар аст. Масъалаи бунёди корхона барои истеҳсоли дучархаҳои барқӣ ва сечархаҳо 4 июн зимни мулоқоти роҳбарияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо намояндаи ширкати чинии LTD «Chuangxinmeng» баррасӣ гардид, хабар медиҳад маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ.

Тибқи иттилои манбаъ, роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» Муҳаммад Муҳаммадзода бо намояндаи ширкати чинӣ Мэн Мин музокирот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои судмандро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Муҳаммад Муҳаммадзода ба сармоягузори хориҷӣ оид ба фаъолияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва имтиёзҳои қонунгузорие, ки дар Тоҷикистон барои сармоягузорон пешбинӣ шудаанд, маълумот дод. Ӯ таъкид намуд, ки маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ омода аст бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамкории ҳамаҷониба ва самарабахш ба роҳ монад.
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Аз ҷумла, сухан дар бораи сохтмони корхона барои истеҳсоли дучархаҳои барқӣ ва сечархаҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ меравад.
Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» дорои самти истеҳсолӣ-инноватсионӣ мебошад. Он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2008 таъсис ёфта, моҳи апрели соли 2009 ба фаъолият оғоз кард. Ҳоло шумораи субъектҳои минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз 40 адад зиёд аст.
Корхонаҳои дар ҳудуди минтақа фаъолияткунанда маҳсулоти ивазкунандаи воридотро истеҳсол намуда, ҳамчунин робитаҳои савдову иқтисодиро бо кишварҳои хориҷӣ густариш медиҳанд. Маҳсулоти истеҳсолшуда аз ин ҷо ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркманистон, Олмон, Ироқ, Туркия ва Федератсияи Русия содирот мешавад.
АКС: маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
