Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар Душанбе идома доранд: ҳафтаи нав бо муаррифии шаш минтақаи кишвар оғоз мешавад - ИА Караван Инфо
Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон дар Душанбе идома доранд: ҳафтаи нав бо муаррифии шаш минтақаи кишвар оғоз мешавад

Душанбе, 10 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Барномаи Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, ки ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, охири ҳафтаи равон дар боғҳои фарҳангиву фароғатии пойтахт идома меёбад.

Ин навбат сокинону меҳмонони Душанбе бо фарҳанг, ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва барномаҳои ҳунарии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиён, Рӯдакӣ, Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ аз наздик шинос мешаванд.

Тавре Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи шанбеи 13 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» Рӯзи фарҳанги шаҳри Турсунзода баргузор мегардад. Дар доираи чорабинӣ кишоварзон, ҳунармандон ва истеҳсолкунандагони шаҳр маҳсули меҳнати худро ба намоиш гузошта, санъаткорон бо пешниҳоди барномаи рангини консертӣ фазои идона эҷод менамоянд.

Ҳамзамон, дар ҳамин рӯз дар Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Қубодиён ва дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир мешавад.

Барнома рӯзи якшанбеи 14 июн низ идома ёфта, дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Спитамен, дар «Кӯли ҷавонон» Рӯзи фарҳанги ноҳияи Шаҳринав ва дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ Рӯзи фарҳанги ноҳияи Панҷ баргузор мегардад.

Ин ташаббуси фарҳангӣ аз 6 июн оғоз гардида, то 23 августи соли 2026 ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғҳои фарҳангиву фароғатии Душанбе идома хоҳад ёфт. Ҳадафи асосии он муаррифии дастовардҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳру ноҳияҳо, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии байни минтақаҳои кишвар мебошад.

Коршиносон бар он назаранд, ки баргузории чунин чорабиниҳо на танҳо барои ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ мусоидат мекунад, балки имконияти хубе барои муаррифии иқтидори истеҳсолӣ ва сайёҳии минтақаҳо фароҳам меорад. Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои ҳунарӣ ба рушди бозори маҳсулоти ватанӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи сокинон ба фарҳанги маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳо тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ эълон гардидааст. Дар ин замина баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо яке аз муҳимтарин иқдомҳои фарҳангӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб меравад.

АКС:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.