ХБА рушди энергетикаи Қазоқистонро баланд арзёбӣ намуд - ИА Караван Инфо
ХБА рушди энергетикаи Қазоқистонро баланд арзёбӣ намуд

Остона, 10 июни соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазири энергетика Ерлан Аккенженов бо Роҳбари миссияи хазинаи Байналмилалии асъор (ХБА) дар Қазоқистон Амина Лареш мулоқот намуд.

Ҷонибҳо рушди комплекси нафту газ ва энергетикаи барқ, ҷолибияти сармоягузории соҳа ва манбаъҳои барқароршавандаи энергияро муҳокима намуданд.

Қазоқистон курси худро барои навсозии инфрасохтори энергетикӣ, рушди нафту газ, васеъ намудани пойгоҳи захираҳо ва хатсайрҳои содиротӣ нигоҳ медорад, изҳор дошт Аккенженов.

ХБА кори Қазоқистонро оид ба рушди соҳаи энергетика баҳои баланд дод. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаро оид ба масъалаҳои рушди устувори бахши энергетика идома диҳанд.

Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶҚ