Остона, 10 июни соли 2026-АИ Караван Инфо. Вазорати зеҳни сунъӣ ва рушди рақамӣ технологияҳои навро дар кори худ ҷорӣ мекунад, то қарорҳои муваффақро ба тамоми бахши давлатӣ интиқол диҳад.

Кормандон аллакай чиро истифода мебаранд:
• Платформаи миллии зеҳни сунъӣ
• «Алем-Воркспейс» (Alem-Workspace) фазои ягонаи кории рақамии хизматчии давлатӣ
- Агентҳои интеллектуалии сунъӣ барои автоматикунонии вазифаҳои муқаррарӣ
Кормандонро ба вайб-кодинг таълим медиҳанд (vibe coding сохтани барномаҳо бо ёрии дархостҳои матнӣ ба зеҳни сунъӣ). Барои ин лозим нест, ки барномасозиро амиқ донист. Иштирокчиёни курсҳо аллакай прототипҳои сайтҳо, чат-ботҳо (барномаҳо барои муоширати худкор бо корбарон) ва дашбордҳои таҳлилӣ (панелҳои иттилоотӣ бо маълумот) – ро таҳия мекунанд.
Омӯзишро “Технологияҳои миллии иттилоотӣ” ва Маркази дастгирии ҳукумати рақамӣ ташкил намуданд.
“Вазифаи мо на танҳо ба кормандон додани асбобҳои муосир, балки ташаккули фарҳанги нави маълумот мебошад. Мо аз худ оғоз намудем” гуфт муовини сарвазири зеҳни сунъӣ Жаслан Мадиев.
Барои роҳбарони дараҷаи миёна барномаи махсуси “Лидершип Программ” (Leadership Program) оид ба тайёр намудани пешвоён дар соҳаи зеҳни сунъӣ оғоз намуда мешавад.
Мақсади ниҳоӣ – гузаштан ба модели «Эй Ай – Дривен» (Ai-Driven) – и вазорат, ки дар он ёрдамчиёни оқил ҷавобҳо ба супоришҳо омода мекунанд, ҷадвалҳо бо қонунҳо тартиб медиҳанд ва барои роҳбарият тезисҳо ташкил мекунанд. Таҷриба сипас ба нақша гирифта шудааст, ки ба тамоми дастгоҳи давлатӣ паҳн намуда шавад.
Сурат: ВЗСРР-и ҶҚ
