Душанбе, 16 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи тарғиботию ташвиқотӣ таҳти унвони «Навои модарони ваҳдатсаро» таъсис дода шуда, аз 15 то 19 июни соли ҷорӣ ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва вилояти Суғд сафар анҷом медиҳад.

Ҳадафи асосии ин иқдом тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандӣ ва шарҳи аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ дар рушди устувори кишвар мебошад.
Нимаи дуюми рӯзи 15 июн ҳайати гурӯҳи «Навои модарони ваҳдатсаро» ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварда, ба барномаи мулоқоту суҳбатҳо бо аҳолӣ оғоз бахшид. Сафари гурӯҳ аз шаҳри Кӯлоб оғоз гардида, дар рӯзҳои минбаъда шаҳру ноҳияҳои дигари минтақаи Кӯлобро низ фаро мегирад.

Дар доираи сафар аъзои гурӯҳ бо усули «хона ба хона», инчунин тавассути мулоқоту вохӯриҳои мустақим бо сокинон суҳбатҳо баргузор намуда, аҳамияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва нақши ҳар як шаҳрвандро дар ҳифзи ин неъматҳои бузург шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Зимни мулоқотҳо ба баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, таҳкими фарҳанги оиладорӣ ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.
Ҳамчунин иштирокчиёни гурӯҳ зимни суҳбатҳо нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу субот ва муттаҳид сохтани ҷомеа таъкид намуда, саҳми Ваҳдати миллиро ҳамчун пояи асосии рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол шарҳ медиҳанд.

Гурӯҳи «Навои модарони ваҳдатсаро» аз ҳисоби занони фаъол, собиқадорон ва шахсиятҳои обрӯманди ҷомеа иборат буда, ҳадаф дорад тавассути суҳбатҳои рӯ ба рӯ ва вохӯриҳои судманд дар таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва пойдории ваҳдати ҷомеа саҳми муассир гузорад.
Баргузории чунин иқдом бори дигар собит месозад, ки ғояҳои сулҳу ваҳдат, ки бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳким ёфтаанд, имрӯз низ ҳамчун омили муҳими субот, пешрафт ва ҳамбастагии ҷомеаи Тоҷикистон хизмат менамоянд.
АКС Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
