Душанбе, 16 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» чорабинии сиёсиву маърифатӣ таҳти унвони «Душанбе – гаҳвораи зуҳури таҷрибаи нодири сулҳу ваҳдатофарӣ» ба муносибати таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Дар кори чорабинӣ роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, инчунин намояндагони мақомоти давлатӣ, фаъолони ҳизб, олимону коршиносон ва ҷавонон иштирок намуданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат дар Тоҷикистон сулҳу субот, оромӣ ва рушди устувор таъмин гардидааст. Иштирокчиён нақши шаҳри Душанберо ҳамчун маркази ташаккул ва таҳкими арзишҳои ваҳдату ҳамбастагии миллӣ ва рушди ҷомеаи муосири тоҷик махсусан муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ дар фазои ватандӯстиву ҳамдилӣ баргузор гардида, иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол иброз намуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
