Содироти ғалла ва орди Қазоқистон 13 фоиз афзуд
Остона, 11 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Аз моҳи сентябри соли 2025 то майи соли 2026 Қазоқистон 12,2 миллион тонна ғалла ва орд (дар муодили ғалла) содирот намуд. Ин 13% бештар аз мавсими гузашта (10,7 миллион тонна) аст, хабар дод иттилои ширкати миллии роҳи оҳан «Қазақстан темір жолы» (Роҳи оҳани Қазоқистон).

Бузургтарин ҳаҷми ғалла ба ин кишварҳо фиристода шуд:
• Ӯзбекистон — 5 миллион тонна (афзоиши 38%),
• Афғонистон — 2 миллион тонна (афзоиши 58 %),
• Қирғизистон — 474 000 тонна (афзоиш 1,5 баробар),
• Туркманистон — 197 000 тонна (афзоиш 44 %).
Ин афзоиши содирот нишондиҳандаи талаботи баланди маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон ва самаранокии кори рохравҳои логистикӣ ба самти ҷануб мебошад.
Акс: ВК-и ҶҚ
