Душанбе, 13 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнии пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинии фарогир намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангиву адабии аҳли ҳунари ноҳияро муттаҳид намуд.

Чорабинӣ дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 ва ҳамчун қисми барномаи ҷумҳуриявии Рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, баргузор гардид.
Имрӯз шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсиву маъмурии мамлакат, балки меҳвари муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байни минтақаҳои кишвар ба шумор меравад. Маҳз дар пойтахт сокинону меҳмонон имконият пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва дастовардҳои гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик ошно шаванд.
Ба таъкиди ташкилкунандагон, баргузории чунин рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими фазои ягонаи фарҳангии кишвар, муаррифии эҷодиёти мардумӣ ва эҳёи суннатҳои таърихии халқи тоҷик аҳамияти махсус дорад. Дар намоишгоҳи ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаҳои санъати ороишиву амалӣ, ки бозгӯи фарҳанги ғании минтақа мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.


Дар солҳои охир Душанбе ба яке аз шаҳрҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Бо роҳбарии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт даҳҳо лоиҳаҳои ободониву созандагӣ амалӣ гардида, симои шаҳр куллан тағйир ёфтааст. Имрӯз Душанбе ҳамчун шаҳри сарсабз, тозаву озода ва намунаи рушди муосир шинохта мешавад.
Дар чунин шароит баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки минтақаҳои кишвар аҳамияти бештар касб мекунад. Ин гуна ҳамоишҳо на танҳо имконияти муаррифии дастовардҳои ноҳияҳоро фароҳам меоранд, балки ҳисси ягонагӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамбастагии фарҳангиро низ тақвият мебахшанд.

Ба чорабинӣ ҳунармандон ва аҳли фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов шукӯҳи тоза бахшиданд. Барномаи консертӣ тамошобинонро бо мероси мусиқӣ ва фолклории вилояти Суғд ошно намуда, сурудҳои мардумӣ ва композитсияҳои адабӣ бозгӯи фарҳанги бой ва суннатҳои қадимаи минтақа гардиданд.


Қобили зикр аст, ки ноҳияи Ҷаббор Расулов аз ҷумлаи аввалин ноҳияҳои кишвар мебошад, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарҳанг ва ҳунари худро дар пойтахт муаррифӣ намуд. Ин омил аз рушди соҳаи фарҳанг дар ноҳия ва иштироки фаъоли он дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ шаҳодат медиҳад.
Рӯзҳои фарҳангии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар Душанбе бори дигар собит сохтанд, ки гуногунрангии фарҳангии минтақаҳои Тоҷикистон аз сарватҳои бузурги миллӣ маҳсуб ёфта, ҳифз ва муаррифии он барои таҳкими ҳувияти миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва рушди фарҳанги умумимиллӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Акс: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов
