Душанбе, 17 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Имрӯз дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд маросими расмии оғози Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин меҳмонон ва иштирокдорони форум ширкат варзиданд.
Дар оғози маросим паёмҳои табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва дигар роҳбарони парламентҳои давлатҳои иштирокчӣ ба самъи ҳозирин расонида шуданд.

Сипас бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ва пахши тугмаи рамзӣ ба кори форум оғози расмӣ бахшида шуд.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии форум рушди муколамаи фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои дӯстона миёни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод мебошад. Барои иштирок дар ин ҳамоиш ба Тоҷикистон беш аз сад нафар намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ ташриф овардаанд.
Форум бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. То 22 июн чорабиниҳои он дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистон ҷараён гирифта, рӯзҳои 23–24 июн кори форум дар шаҳри Душанбе идома хоҳад ёфт.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
