Душанбе, 17 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар лагери солимгардонии кӯдаконаи «Шоҳин», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, маросими ифтитоҳи Форуми XI байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид. Форум то 24 июн идома хоҳад ёфт. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум бо мувофиқаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо ташаббуси Котиботи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Дар доираи он беш аз 30 чорабинии фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Дар форум намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон иштирок доранд.
Дар ҷараёни форум иштирокчиён бо таърих, фарҳанг ва анъанаҳои миллии кишварҳои иштирокдор шинос шуда, дар олимпиадаҳои зеҳнӣ, вохӯриҳо бо қаҳрамонони варзиш, машғулиятҳои омӯзишӣ, сафарҳои экскурсионӣ, марафонҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои дӯстона иштирок менамоянд.
То 23 июн фаъолияти форум дар шаҳри Душанбе идома меёбад. Барои иштирокчиён барномаи ҷолиби фарҳангӣ ва маърифатӣ омода гардида, онҳо аз як қатор муассисаҳои фарҳангии пойтахт боздид намуда, инчунин бо фаъолияти Парлумони Тоҷикистон аз наздик шинос хоҳанд шуд.
Ҳадафи асосии баргузории форум рушди муколамаи фарҳангӣ, таҳкими ҳамкориҳои гуманитарӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни намояндагони насли ҷавони кишварҳои Иттиҳод мебошад.
Форуми байналмилалии фарҳангӣ-маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» аз соли 2013 инҷониб баргузор гардида, солҳои қаблӣ дар Қирғизистон, Россия, Ӯзбекистон ва Беларус доир шудааст. Соли 2026 шарафи мизбонии ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардидааст.
Ба андешаи коршиносон, баргузории форум дар Тоҷикистон аз нуфузи рӯзафзуни кишвар дар рушди ҳамкориҳои гуманитарӣ дар фазои ИДМ шаҳодат дода, барои таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии насли ҷавони давлатҳои иштирокдор заминаи мусоид фароҳам меорад.
ФОТО: Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан
