Маҷлиси шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид - ИА Караван Инфо
Маҷлиси шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид

Душанбе, 17 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». 16 июн дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа аъзои Маҷлиси миллӣ тартиби кори иҷлосияро тасдиқ намуда, котиботро интихоб ва рӯзномаи ҷаласаро, ки аз 46 масъала иборат буд, баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосия раисони кумитаҳои соҳавии Маҷлиси миллӣ хулосаҳои худро оид ба лоиҳаҳои қонунҳои мавриди баррасӣ пешниҳод карданд. Муҳокимаҳо доираи васеи масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар самтҳои адлия, идоракунии давлатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, илм, экология, иқтисод ва дигар бахшҳоро фаро гирифтанд.

Аз рӯи натиҷаи баррасӣ аъзои Маҷлиси миллӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”» ва «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”»-ро ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳамчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва «Дар бораи таъмини ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони дорои маъюбият», инчунин як қатор тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, меҳнатӣ, андоз ва дигар кодексҳои кишвар қабул гардиданд.

Дар доираи ҷаласа инчунин тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла оид ба силоҳ, рӯзҳои ид, назорати содиротӣ, бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ, сирри давлатӣ, низоми иҷозатдиҳӣ, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулода, шикор ва хоҷагии шикорӣ, минтақаҳои кӯҳӣ, маърифати экологии аҳолӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, хазинадорӣ, истифодаи неруи атомӣ, бехатарии саноатӣ, савдо ва хизматрасонии маишӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ ҷонибдорӣ карда шуданд.

Дар асоси пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллӣ як қатор қарорҳои кадрӣ низ қабул намуд. Ваколати судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедзода бинобар вафоташ қатъ карда шуда, Ҷӯрабек Қодирзода судяи Суди конститутсионӣ интихоб гардид.

Ҳамчунин Асомуддин Бобохонзода бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шуд. Сайдабону Аминзода бинобар расидан ба синни ниҳоии адои вазифаи судя аз мансаби судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардида, Саидо Саидуллозода судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Пас аз баррасии ҳамаи масъалаҳои рӯзнома иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум кори худро ба анҷом расонид.

ФОТО: Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан