Душанбе, 17 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». 20 июн дар пойтахти Тоҷикистон мотосафари хотиравӣ бахшида ба 85-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор мегардад. Ин иқдоми ватандӯстона мотосаворони Душанберо муттаҳид намуда, ба хотири пос доштани корномаҳои насли ғолибон роҳандозӣ мешавад.

Ҷамъомади иштирокчиён соати 09:00 дар таваққуфгоҳи боғи «Наврӯзгоҳ» (ипподром) баргузор шуда, ҳаракати корвони мотосаворон соати 10:00 оғоз мегардад. Масири мотосафар аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе гузашта, дар Боғи Ғалаба ба анҷом мерасад.
Дар ин ҷо маросими гулчанбаргузорӣ ва гузоштани гулҳо назди ёдгории иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941–1945 баргузор хоҳад шуд.
Ташкилкунандагон таъкид менамоянд, ки чунин иқдомҳо на танҳо аҳамияти хотиравӣ, балки тарбиявӣ низ доранд. Онҳо ба таҳкими пайванди наслҳо, эҳтиром ба таърих ва посдории арзишҳои сулҳу субот мусоидат намуда, ҷавононро ба омӯзиш ва гиромидошти корномаҳои қаҳрамонон ҷалб мекунанд.
Ҳар шахси хоҳишманд метавонад ба маросими гулгузорӣ ҳамроҳ шавад. Ин чорабинӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба онҳое хизмат мекунад, ки барои ҳифзи Ватан ва таъмини ояндаи осоишта саҳми арзанда гузоштаанд.
АКС: Хонаи русӣ дар Душанбе
