Сардорони Ситоди Генералии Қазоқистон ва Озарбойҷон ҳамкориро баррасӣ намуданд
Остона, 18 июни соли 2026-АИ «Караван Инфо». Дар пойтахт сардори ситоди Генералии қувваҳои Мусаллаҳи Қазоқистон генерал – лейтенант Каниш Абубакиров ва ҳамкораш генерал-полковник Керим Велиев вохӯрданд.

Мулоқот дар доираи ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.
Ҷонибҳо ҳамкории идораҳои мудофиа ва дурнамои ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Сурат: ВМ ҶҚ
