Сардорони Ситоди Генералии Қазоқистон ва Беларус ҳамкории низомиро баррасӣ намуданд - ИА Караван Инфо
Сардорони Ситоди Генералии Қазоқистон ва Беларус ҳамкории низомиро баррасӣ намуданд

Остона, 19 июни соли 2026-АИ Караван инфо. Дар пойтахт дар доираи ҷаласаи Кумитаи сардорони ситоди қувваҳои мусаллаҳи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) сардори ситоди Генералии Қазоқистон Генерал-лейтенант Каниш Абубакиров ва ҳамкораш Генерал-майор Павел Муравейко мулоқот намуданд.

Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ҳамкорӣ дар таълими ҳарбӣ, тайёр намудани кадрҳо, гузаронидани машқҳо ва лоиҳаҳои ҳарбӣ-ватанпарварро муҳокима намуданд.

Дар бораи иштироки дастаи Беларус дар ҷамъомади байналмилалии ҷавонони ҳарбӣ-ватанпарвар Айбин-2026 (дар тарҷума аз қазоқӣ ҷасорати ҳарбӣ), ки аз 21 то 27 июн дар Қазоқистон баргузор мешавад, алоҳида сухан мерафт.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо нияти рушди муносибатҳои шарикии байни қувваҳои мусаллаҳи ду давлатро тасдиқ намуданд.

Сурат: ВМ ҶҚ