Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий - ИА Караван Инфо
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Сарвазири Гурҷистон Кобахидзе Ираклий

Душанбе, 20 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе марҳилаи нави рушди муносибатҳои дуҷонибаро оғоз бахшида, заминаи густариши ҳамкориҳоро дар самтҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва байналмилалӣ фароҳам овард. Дар ин бора Сарвари давлат зимни изҳорот барои намояндагони воситаҳои ахбори омма баъд аз анҷоми музокироти расмӣ дар Қасри Миллат изҳор намуд.

Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки сафари расмии Сарвазири Гурҷистон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ҳамчун имконияти муҳим барои таҳкими дӯстӣ ва ғанӣ гардонидани ҳамкориҳои ду кишвар бо мазмуни нави амалӣ арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҷонибҳо вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, инчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Яке аз натиҷаҳои асосии сафар ба имзо расидани 11 санади ҳамкорӣ гардид, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистонро боз ҳам таҳким мебахшанд. Ин ҳуҷҷатҳо бахшҳои авиатсия, кишоварзӣ, сайёҳӣ, илм ва маориф, фарҳанг, варзиш, иқлим ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро фаро мегиранд.

Дар маркази музокирот масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ қарор доштанд. Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба табдил додани имкониятҳои мавҷуда ба лоиҳаҳои мушаххас ва натиҷаҳои амалии иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад.

Ҷонибҳо таъкид карданд, ки иқтидори мавҷуда ва бартариҳои иқтисодии ҳар ду кишвар имконият медиҳанд, ки ҳамкорӣ дар сатҳи сифатан нав густариш ёбад. Аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, таъсиси занҷираҳои истеҳсолӣ ва рушди тиҷорати электронӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок муайян шуданд.

Ҳамзамон Тоҷикистон омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоди «сабз», технологияҳои нав, инноватсия ва зеҳни сунъӣ изҳор намуд. Дар шароити муосир маҳз чунин соҳаҳо ба муҳаррики рушди иқтисодӣ ва рақобатпазирии байналмилалӣ табдил меёбанд.

Ба қатори самтҳои дорои иқтидори баланд ҳамчунин саноати сабук, саноати хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди ашёи хом, дорусозӣ, маҷмааи агросаноатӣ, нақлиёт ва логистика шомил гардиданд.

Яке аз натиҷаҳои муҳими институтисионалии музокирот ба имзо расидани Созишнома дар бораи таъсиси Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ мебошад. Ба андешаи Президенти Тоҷикистон, фаъолияти ин ниҳод барои татбиқи мунтазами созишҳои бадастомада ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

Дар ҷараёни мулоқот ба ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ низ аҳамияти махсус дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон густариши робитаҳоро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, сиёсати ҷавонон ва варзиш омили муҳими таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар арзёбӣ намуд.

Сарвари давлат инчунин ба аҳамияти рамзии ифтитоҳи қарибулвуқӯи нимпайкараи шоир ва мутафаккири барҷастаи гурҷӣ Шота Руставелӣ дар шаҳри Душанбе ишора намуда, онро қадами муҳими таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Гурҷистон номид.

Дар арсаи байналмилалӣ Душанбе ва Тбилиси омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда, пеш аз ҳама дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, тасдиқ намуданд. Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории муваффақонаи ду кишвар дар масъалаҳои обу иқлим изҳори қаноатмандӣ карда, ба зарурати талошҳои муштарак барои коҳиши таъсири тағйирёбии иқлим таъкид намуд.

Масъалаҳои амният низ дар меҳвари таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд. Тоҷикистон ва Гурҷистон омодагии худро барои ҳамоҳангсозии иқдомҳо ҷиҳати муқовимат бо таҳдидҳо ва чолишҳои муосир изҳор карданд.

Ҷамъбасти музокирот нишон медиҳад, ки созишҳои бадастомада самтҳои дарозмуддати рушди муносибатҳои Тоҷикистону Гурҷистонро муайян намуда, барои густариши ҳамкориҳо дар ҳамаи бахшҳо заминаи устувор фароҳам месозанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.