Душанбе, 22 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо як ёдгории нодири фарҳангӣ ғанӣ гардид. Минбаъд дар ин муассисаи фарҳангӣ нусхаи нодири асари ҷовидонаи адабиёти форсиву тоҷикӣ — «Шоҳнома»-и шоир ва мутафаккири бузург Абульқосим Фирдавсӣ, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳадя гардида буд, нигоҳдорӣ мешавад.

Тавре Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин нашри нодир дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибтикори ношир Манучеҳр Фахрзода бо теъдоди маҳдуд — ҳамагӣ 12 нусха ба табъ расидааст. Бо назардошти арзиши баланди фарҳангӣ ва ҳунарии худ, китоб ба шумори нашрияҳои истисноии марбут ба яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ дохил мешавад.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи доимӣ ва саҳми арзишманди Пешвои миллат дар ҳифз ва рушди таърих, фарҳанг ва мероси адабии тоҷикон, як нусхаи ин асари нодир ба Эмомалӣ Раҳмон тақдим шудааст.
Китоб бо сифати баланди полиграфӣ ва ороиши ҳунарии нодир фарқ мекунад. Он дар услуби «ислимӣ» бо истифода аз нақшу нигори зооморфӣ таҳия шуда, қисматҳои алоҳидаи он бо намунаҳои санъати миниатюра оро ёфтаанд, ки саҳнаҳои машҳур ва рӯйдодҳои қаҳрамонии «Шоҳнома»-ро инъикос менамоянд.
Ба Осорхонаи миллӣ супоридани чунин нусхаи арзишманд аҳамияти рамзӣ низ дорад. Ин иқдом бозгӯи сиёсати давлат дар самти ҳифз ва муаррифии мероси адабӣ ва фарҳангие мебошад, ки пояҳои худшиносии миллӣ ва хотираи таърихии миллатро ташкил медиҳанд.
«Шоҳнома» имрӯз низ ҳамчун яке аз муҳимтарин осори адабиёти ҷаҳон эътироф мешавад. Ин ҳамосаи бузург, ки беш аз ҳазор сол пеш эҷод шудааст, дар ҳифзи забон, фарҳанг ва хотираи таърихии халқҳои ҳавзаи тамаддуни форсиву тоҷикӣ нақши беназир бозидааст. Барои Тоҷикистон мероси Фирдавсӣ қисми ҷудонашавандаи арзишҳои миллӣ ва фарҳангии ҷомеа ба шумор меравад.
Айни замон ин нашри нодир дар толори махсуси туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст ва меҳмонони осорхона метавонанд бо яке аз камёфттарин намунаҳои мероси китобии муосир шинос шаванд.
Манбаи акс: Осорхонаи миллии Тоҷикистон
