Душанбе, 23 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон ба марҳилаи нави пешбурди баробарии гендерӣ ворид мегардад, ки дар он на танҳо такмили қонунгузорӣ, балки тағйири меъёрҳо ва тасаввуроти иҷтимоӣ низ ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Ин масъалаҳо дар меҳвари мизи мудаввар оид ба муҳокимаи Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амал оид ба тағйири қолабҳои гендерӣ ва меъёрҳои зараровари иҷтимоӣ барои солҳои 2026–2036 қарор доштанд. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, коршиносон ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуданд.
Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷи зимни суханронӣ аз номи Ҳамоҳангсози доимии СММ таъкид намуд, ки Тоҷикистон аллакай заминаи устувори сиёсиву ҳуқуқиро барои пешбурди баробарии гендерӣ фароҳам овардааст.
Ба гуфтаи ӯ, сиёсати миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалӣ барои пешрафти минбаъда шароити мусоид фароҳам меоранд, аммо барои ноил шудан ба натиҷаҳои устувор танҳо қабули қонунҳо кофӣ нест.
Дар ҷараёни муҳокима масъалаи таъсири меъёрҳои иҷтимоӣ ба дастрасии занону духтарон ба таҳсил, шуғл, мансабҳои роҳбарикунанда ва иштирок дар қабули қарорҳо баррасӣ гардид. Иштирокчиён таъкид карданд, ки маҳдудиятҳои иҷтимоӣ на танҳо имкониятҳои занонро коҳиш медиҳанд, балки ба рушди умумии ҷомеа низ таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҳамзамон зарурати ҷалби мардон ва ҷавонон ба раванди тағйироти иҷтимоӣ махсус таъкид шуд. Ба андешаи коршиносон, танҳо дар сурати иштироки фаъоли тамоми ҷомеа ва паҳн гардидани намунаҳои мусбати рафтор метавон ба тағйироти устувор ноил гардид.

Созмонҳои байналмилалӣ бар он назаранд, ки густариши иштироки занон дар иқтисодиёт, идоракунии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувор ва рақобатпазирии кишвар мебошад.
Муҳокимаи стратегияи нав дар ҳоле баргузор мегардад, ки Тоҷикистон солҳои охир сиёсати фаъолонаи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа, дастгирии соҳибкории занон ва рушди имкониятҳои таҳсилу роҳбариро амалӣ менамояд.
Намояндагони Созмони Милали Муттаҳид омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самти пешбурди баробарии гендерӣ ва тавсеаи имкониятҳои занону духтарон тасдиқ намуданд.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Стратегияи миллӣ барои солҳои 2026–2036 метавонад ба яке аз абзорҳои муҳими тағйири тадриҷии қолабҳои иҷтимоӣ ва таҳкими ҷомеаи фарогир, одилона ва устувор табдил ёбад.
АКС: UNDP in Tajikistan
