Душанбе, 23 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Гулгашти Шуҳрати қабристони русии шаҳри Душанбе ба муносибати 85-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамоиши тантанавӣ ва иқдоми ёдбудии «Ситораи хотира» баргузор гардид. Чорабинӣ дипломатҳо, низомиён, собиқадорон, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷавонон ва ихтиёриёнро муттаҳид намуда, бори дигар аҳамияти ҳифзи хотираи таърихиро таъкид кард.

Ташкилкунандаи чорабинӣ гурӯҳи «Память 201»-и Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия буд, ки ихтиёриёнро барои корҳои ҳарбию ёдгорӣ ва нигоҳубини оромгоҳҳои ҷанговарон муттаҳид мекунад. Ин гурӯҳ солҳои охир дар татбиқи ташаббусҳои марбут ба ҳифзи хотираи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ саҳми назаррас мегузорад.
Дар чорабинӣ мушовир-фиристодаи Сафорати Русия дар Тоҷикистон Вера Хуторская, намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Русия ва муассисаҳои хориҷии он, хизматчиёни ҳарбии Пойгоҳи 201-уми Русия, намояндагони Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии Хадамоти амнияти федералии Русия дар Тоҷикистон, намояндагони Епархияи Душанбе ва Тоҷикистон, ташкилотҳои собиқадорон ва ҳамватанон, инчунин хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд.
Меҳмони фахрии чорабинӣ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ Екатерина Михайловна Леонидова буд. Ҳузури ӯ ба чорабинӣ аҳамияти вижа бахшида, хотиррасон кард, ки пайванди наслҳо ва эҳтиром ба иштирокчиёни воқеии ҷанг то ҳол боқӣ мондааст.

Зимни суханронӣ Вера Хуторская таъкид намуд, ки 22 июни соли 1941 яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи инсоният оғоз гардид. Ба гуфтаи ӯ, ҳифзи хотираи ҷанг ва қаҳрамонии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бояд ҷузъи муҳими худшиносии таърихии наслҳои оянда бошад.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба ихтиёриёне, ки дар нигоҳубини ёдгориҳои ҳарбӣ ва тарбияи ватандӯстонаи ҷавонон саҳм мегузоранд, нишонаҳои хотиравии қадрдонӣ супурда шуданд. Ин иқдом арҷгузорӣ ба фаъолияти онҳое мебошад, ки хотираи таърихиро бо амалҳои воқеӣ ҳифз мекунанд.
Пас аз анҷоми қисми расмӣ иштирокчиён ба корҳои ободонӣ пардохтанд. Онҳо оромгоҳҳоро тоза намуда, ҳудуди гирду атрофро ба тартиб оварданд ва ситораҳои сурхи қабрҳои сарбозони Ҷанги Бузурги Ватаниро нав карданд. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, чунин ташаббусҳо на танҳо аҳамияти ёдбудӣ, балки аҳамияти тарбиявӣ низ доранд ва ба ҷавонон арзиши сулҳ ва зарурати ҳифзи ҳақиқати таърихиро мефаҳмонанд.
Иқдоми «Ситораи хотира» бори дигар нишон дод, ки хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ то ҳол наслҳои гуногунро муттаҳид месозад ва нигоҳубини оромгоҳҳои ҷанговарон яке аз рамзҳои муҳими эҳтиром ба қаҳрамононе мебошад, ки барои озодӣ ва сулҳ ҷоннисорӣ кардаанд.
АКС: Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
