Қазоқистонӣ дар Ҷоми ҷаҳонии бокс дар Чин тилло ба даст овард
Гуйян, 22 июни соли 2026 АИ «Караван Инфо». Муштзани қазоқистонӣ Санҷар Ташкенбай дар марҳилаи Ҷоми ҷаҳон дар Гуйян дар категорияи вазни то 50 килограмм ғолиб омад.

Дар финал Ташкенбай бо қарори ҷудогонаи доварон аз Асилбек Ҷалилови ӯзбекистонӣ пирӯз шуд.
Ҳоло дар хазинаи Дастаи Мунтахаби Қазоқистон чор медали тилло мавҷуд аст. Пештар Ҷои аввалро Назим Қизайбай (то 54 кг), Виктория Графеева (то 60 кг) ва Абилайхон Ҷусупов (то 70 кг) ишғол намуданд.
Аксҳо: КОМ ҶҚ
