Душанбе, 24 июн, – АИ «Корвон Иттилоот». Тоҷикистон дар роҳи рушди инфрасохтори муосири варзишӣ ва таҳкими мавқеи футбол ҳамчун яке аз намудҳои оммавии варзиш боз як қадами муҳим гузошт. Дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд, ки ҳамчун пойгоҳи муосири омодасозии футболбозон, мураббиён, доварон ва дигар мутахассисони соҳа хизмат хоҳад кард.

23 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ин иншооти муҳимро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Тавре зимни маросими ифтитоҳ таъкид гардид, марказ бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи футболи миллӣ, омодасозии варзишгарони синну солҳои гуногун, такмили ихтисоси мутахассисон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд шудааст.
Маҷмааи нав дар масоҳати умумии 62 ҳазор метри мураббаъ ҷойгир буда, як маркази бисёрсамтаи варзиширо ташкил медиҳад, ки инфрасохтори тамринӣ, таълимӣ ва маъмуриро дар бар мегирад.

Дар ҳудуди он бинои асосӣ, ду майдони футбол бо сабзаҳои табиӣ ва сунъӣ, варзишгоҳ, корти теннис, майдони машқҳои гимнастикӣ, ҳавзи шиноварии пӯшида, манежи варзишӣ ва роҳҳои махсуси давидан сохта шудаанд.
Ҳудуди марказ ба минтақаҳои варзишӣ ва маъмуриву маишӣ ҷудо гардидааст, ки имконият медиҳад ҳамзамон машғулиятҳои таълимӣ, ҷамъомадҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои варзишӣ баргузор карда шаванд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоид ба варзишгарон ва меҳмонон дар марказ меҳмонхонаи муосир бо ҳуҷраҳои гуногун, толорҳои конфронсӣ ва машваратӣ, толори фитнес бо таҷҳизоти навтарин, инчунин тарабхона ва қаҳвахона бо айвонҳои барҳавои истироҳатӣ бунёд гардидааст.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, лоиҳа бо дастгирии техникӣ ва молиявии Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA), Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва шарикони дохилӣ амалӣ шуда, дар он 50 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст.
Ифтитоҳи марказ идомаи мантиқии сиёсати густурдаи рушди инфрасохтори футбол дар кишвар мебошад. Пас аз шомил гардидани Федератсияи футболи Тоҷикистон ба узвияти FIFA ва AFC дар соли 1994 рушди соҳа хусусияти низомманд гирифта, дар солҳои охир суръати бештар касб намуд.
Хусусан дар давраи солҳои 2012–2022 дар соҳа тағйироти назаррас ба амал омад. Варзишгоҳҳо ва майдонҳои нави мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуданд, фаъолияти академияҳои футбол тавсеа ёфт, лигаҳои нав таъсис ёфта, омодасозии кадрҳои соҳавӣ густариш пайдо кард.
Сармоягузорӣ ба футболи кӯдакону наврасон низ натиҷаҳои назаррас ба бор овард. Дастаҳои мунтахаби синну солҳои гуногуни Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои муҳим ноил гардиданд. Аз ҷумла, мунтахаби ҷавонон чанд маротиба ба марҳилаҳои ҳалкунандаи чемпионатҳои Осиё роҳ ёфта, дастаи наврасони то 17-сола соли 2018 соҳиби медалҳои нуқра гардида, роҳхати Ҷоми ҷаҳонро ба даст овард.

Яке аз дастовардҳои муҳими байналмилалии футболи тоҷик қабули ташаббус оид ба таъсиси Рӯзи ҷаҳонии футбол гардид. Бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 7 майи соли 2024 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон намуд.
Коршиносон бар он назаранд, ки таъсиси Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон имкониятҳои омодасозии варзишгаронро ба сатҳи сифатан нав мебарорад. Мавҷудияти чунин пойгоҳи муосир шароити мусоидро барои омодагии тамоми солаи дастаҳои миллӣ, баргузории ҷамъомадҳои байналмилалии омӯзишӣ ва таҳкими рақобатпазирии футболи тоҷик дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, ифтитоҳи маркази нав дар Варзоб на танҳо як лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ, балки марҳилаи нави татбиқи сиёсати давлатии рушди варзиш ба ҳисоб меравад, ки ба ташаккули ҷомеаи солим ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
